Арзёбии аввалияи равиши мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон... Мушоҳидаву мулоҳизаҳои табиб
Чоп шуд: 30/07/2020Аз сабабе, ки чанде пеш банда шакли вазнини бемории сироятии коронавирусро аз сар гузаронидам ва инчунин, аз сабабе, ки вақтҳои охир атрофи сабабҳои пайдоиш ва густариши ин беморӣ, арзёбии тадбирҳои давлатӣ дар пешгирии он ва тавонмандии низоми ҳифзи тандурустии кишвар маводи зиёд, аз ҷумла матлабҳои иғвогарона аз хориҷи кишвар ба нашр расидаанд ва манро чун табиб, ташкилотчии соҳаи тандурустӣ ва педагог бетараф намонданд, зарур донистам, ки андешаҳои худро дар ин мавзўъҳо пешкаш намоям.