Интишорот

Китоби нави Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи дӯстии тоҷикон ва ӯзбекон

Нашриёти “Шарқи Озод”  очерки илмӣ-оммавии академик Абдуҷаббор Раҳмонзодаро бо номи “Равобити адабию фарҳангии халқҳои тоҷик ва ўзбек»

бо теъдоди ҳазор нусха ба нашр расонид.

Дар оғоз академик А. Раҳмонзода  ба он таъкид кардааст, ки «фарзандони бонангу номус ва соҳибмаърифати ин ду халқ тайи қарнҳо кўшиш кардаанд, ки дар зеҳну

барчасп: 

Саду сивуҳафт соли қаҳрамони Тоҷикистон - Нусратулло Махсум

Зиндагинома,  фаъолияти сиёсӣ ва санъати  давлатдории Нусратулло Махсум ниҳоят рангину  гуногунмазмун буд. Ў  яке аз нахустин поягузорони давлати миллии тоҷикон дар солҳои  20-уми қарни ХХ маҳсуб меёбад. Ин  марди  бузург аз раиси Кумитаи  инқилобии ноҳияи Ғарм, то раиси Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Ходими барчастаи давлатӣ, сарсупурдаи миллат Нусратулло Махсум  1 июли соли 1881

барчасп: 

Дилшод Раҳимӣ: «Бояд бештар ба мушкилоти ҳунармандон расидагӣ намоем»

Дастрасӣ ба ашёи хом мушкили дигари баъзе аз ҳунармандон мебошад. Моҳи март мо дар шаҳри Хуҷанд ба омӯзиши истеҳсоли адрасу атлас машғул будем ва шоҳид гаштем, ки бисёр адрасбофон аз нарасидани ришта ё калобаи ресмони бофандагӣ шикоят мекарданд. Дар робита ба адрасбофӣ қайд кардан лозим аст, ки ҳунари абрбандӣ асосан, дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он рушд кардааст. Дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҳунармандоне, ки абрбандӣ мекунанд, ангуштшуморанд. Адрасбофони ҷануби кишвар калобаҳои абрбандиро бештар

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: ҚУРОҚДУЗӢ

Дар Восеъ қисме аз занони ҳунарманд махсус ба дўхтани қуроқ машғул буда, маҳсулоти қуроқиро барои кўдакон ва арўсон ҳамчун ҷиҳози арзандаю муқаддас мешуморанд. Сабаби боқӣ мондани ин ҳунар пеш аз ҳама, таҳияи ҷиҳози гаҳвораи кўдак, арўс ва дигар ашёи рўзгор бо ин усул мебошад. Ҷиҳози қуроқӣ дар ин ноҳия монанди дигар ноҳияҳои кишвар баёни орзуву омоли мардум буда, қадру қимати махсус дорад.
Ҳунари қуроқдўзӣ дар байни сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо номҳои

барчасп: 

Устод Муъмин Қаноат даргузашт

Имрӯз, ду рӯз пештар аз зодрӯзаш бузуртарин шоири достонсарои тоҷик, пири шоирони муосири кишвар устод Муъмин Қаноат баъди бемории дурудароз аз олам даргузашт. Устод Қаноат бидуни шак аз базургтарин абармардони шеъри муосири тоҷик аст, ки дар достонсароӣ баъди устод Турсунзода касе ба пояи вай нарасидааст.  Бахусус, достонҳои қаҳрамонии ӯ аз ҳикоёти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва достонҳои таърихиаш мондагортарин асарҳо дар адабиёти тоҷиканд. 
Муъмин Қаноат
  20 – уми майи  соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи  Дарвоз дар

барчасп: 

Рӯзҳои фарҳанги Белорус дар Тоҷикистон идома дорад

Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон, ки 14-уми май оғоз шуда буд, идома дорад. Қарор аст дар доираи чорабиниҳои тарҳрезишуда вохӯрии ҳайати расмии Рӯзҳо бо роҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, нишасти матбуотӣ, Рӯзҳои кинои Беларус, намоишгоҳи асарҳои мусаввирӣ, барномаҳои консертӣ бо иштироки Ҳунарпешаҳои хизматнишондодаи Ҷумҳурии Белорус Владимир Громов ва Алёна Ланская, инчунин ҳунарпешаҳои Ансамбли давлатии академии хизматнишондодаи хореографии «Хорошки» -и Ҷумҳурии Беларус дар шаҳрҳои

барчасп: 

Таҳлили дастовардҳои китобдории тоҷик дар замони Истиқлолият

Ин мизи мудаввар қабл аз зӯҳри дирӯз, 11-уми май дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд ва ҳадаф аз он зикри ҳама комёбиву дастовардҳои Китобхонаи миллӣ ва китобдории тоҷик дар замони Истиқлолияти кишвар буд.

 Муовини  директори  Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов дар сухани ифтитоҳии худ руҷӯе дошт ба гузаштаи начандон дур. Вай гуфт, ки ҳатто ҷанги харобиовари дохилӣ натавонист ба бойгонии ин кохи маърифат осеб расонад.

барчасп: 

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ғалаба бар фашизм

08.05.2018 08:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!

Мардуми Тоҷикистон ҳар сол Рӯзи ғалабаро бар фашизм ҳамчун як саҳифаи фоҷиабори таърихи асри гузаштаи худ ва ба хотири пос доштани диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои

барчасп: 

Страницы