Ғарибошно бошу сайёҳдӯст…
Чоп шуд: 06/03/2018Аз нигоҳи Саъдӣ мардуми сайёҳу ҷаҳонгард, афроди огоҳу бедордил ва муштоқи илму ҳикмат буда, бо ҷаҳонбинии фарохе, ки доранд барои бани башар хидмат мекунанд. Албатта сафар кардан дар он замон барои мардони ҷаҳонгард, хатарҳои фаровоне дар пай дошт ва ҳар кас тавон ва ҷуръати тақаббули ранҷи сафарро надошт. Аз ин рӯ, Саъдӣ барои мусофирону ғарибон эҳтироми баланде қоил аст ва дар саросари осораш, подшоҳон ва дигар табақоти ҷомеаро баҳри гиромидошти ҷаҳонгардон ташвиқ кардааст