Интишорот

Ташаккули фарҳанги насли наврас

Китоб дар таърихи халқи мо ҷойи сазовореро мақом намуда, аз замонҳои қадим то ба имрўз барои ҳар фарди тоҷик ҳамчун яке аз арконҳои муқаддас шинохта шудааст. Китобу китобдорӣ пешаи қадимаи аҷдодони мост. Ниёгони мо ба китоб арҷгузорӣ намуда онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳдорӣ менамудандва аз насл ба насл интиқол медоданд. Да ҳаёти рўзмарраашон ҳатто ҳангоми дар гаҳвора будани кўдак, баҳри рафъи ноҳинҷории ў китобро дар болои са-раш мегузоштанд, ки имрўз низ ин анъана дар аксари минтақаҳои тоҷикнишин давом дорад.

барчасп: 

Дар Донишгоҳи миллӣ китоби “Ошёни суханшиносон” муаррифӣ шуд

Фаъолияти илмию таълимии ҳудудан 90 нафар аз устодони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи милии Тоҷикистон, ки дар китобе бо номи “Ошёни суханшиносон” гирдоварӣ шудааст, имрӯз дар маҷлисгоҳи ин факулта муаррифӣ шуд.
Ин китоб, ки ба 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст, бо заҳмати декани факулта Сироҷиддини Эмомалӣ ва устоди ҳамин факулта Шуҳрат Бобомуродов зери назари академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, ректори Донишгоҳи миллӣ Муҳаммадюсуф Имомзода рӯйи чопро дид.

барчасп: 

Баъзе проблемаҳо дар баргузории нишастҳои матбуотӣ

Дар ин таҳқиқ моҳият ва аҳамияти Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон  «Дар бораи ташкил ва баргузар кардани нишастҳои матбуотӣ»  ва дар заминаи он ташкил намудани нишастҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф  дар асоси мушоҳида ва таҷрибаи шахсӣ  нақши ин Амрро дар баланд гардидани мақоми журналистон дар ҷомеа ва беҳтар шудани дастрасии иттилоот нишон медиҳад. Ҳамзамон ў зимни баррасии мавзўъ баъзе камбудиҳоро дар усули ташкили нишастҳои матбуотӣ, муносибати

Бархе аз дастовардҳои Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар соли 2015

Шариф Комилзода

Кормандони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ва¬зорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд ПИТФИ) дар соли 2015 пажўҳишҳои илмиро бо назардошти ниёзҳои воқеии илмӣ-амалии соҳаи фарҳангу ҳунар, тибқи талаботи мавзўи илмии “Самтҳои асосӣ ва дурнамои рушди фаъолияти муассисаҳои фарҳангию иҷтимоӣ (солҳои 2011 – 2015)” № 01011 ТД 066 роҳандозӣ намуда, дар татбиқи лоиҳаҳои “Созмондиҳии бойго¬нии иттилоотӣ оид ба фарҳанг” (барои солҳои 2013-2015) ва «Ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии захираҳои иттилоотии ҳуҷҷатишудаи халқи тоҷик»

барчасп: 

Назари устод Садриддин Айнӣ ба нақлу ривоятҳои оид ба Абўалӣ ибни Сино

Абўалӣ ибни Сино, ки дар Машриқзамин ҳамчун «Шайхурраис», дар ма­молики Араб бо номи «Амирултабъ» ва дар кишварҳои Аврупо бо унвони «Авитсенна» низ ёд мешавад, аз зумраи дурахшонтарин ситораҳои фазои та­маддуни умумиҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ў на фақат ба ҳайси маъруфтарин донишманд, файласуфи нозукбин ва мумтозтарин ҳакиму табиб, балки ҳамчун равоншинос, риёзидон, беҳтарин омўзгори мантиқ, ситорашинос ва ниҳоят шоир ва мусиқидон шинохта шуда аст.
    Дар фолклори тоҷик нақлу ривоятҳои зиёде оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолият

барчасп: 

Страницы