Таомҳои маҳаллии мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ

Фарҳанг ҷанбаи мустаҳкам ва бою ғанӣ барои таърихи инсоният ба шумор меравад. Табиист, ки дар симои ҳар як шахс фарҳанги ӯро дидан мумкин аст. Дар шароити кунунӣ шахсият ва миллати касро вобаста ба рафтору гуфтор ва амалҳои фарҳангиаш муайян кардан мумкин аст. Аз рӯи ном муайян кардан мумкин аст, ки Мастчоҳи Кӯҳӣ яке аз ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз рӯи мушоҳидаҳо то солҳои наздик ин ноҳия роҳҳои душворгузар дошта, рафтуомад ба маркази вилоят ва ҳатто ҷумҳурӣ нисбати дигар минтақаҳо камтар ба назар мерасид.

барчасп: 

Чанд сухан роҷеъ ба ҳунарҳои бонувони Хатлонзамин

Тоҷикон аз қадим зиндагии худро бидуни  касбу ҳунар тасаввур карда наметавонистанд. Истифодаи он дар байни мардум яке аз  василаҳои таъмини хароҷоти  рӯзгор буда, ҳанӯз ҳам талабот ба маҳсулоти ҳунармандӣ мавҷуд аст. Имрӯзҳо низ касбу ҳунарҳои мардумӣ мавқеи худро гум накарда, рӯз аз рӯз рушд карда истодааст. Равнақу ривоҷ ёфтани ҳунарҳои мардумиро дар кишвар метавон мусоидати аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд, шурӯъ аз соли 2018 то соли 2021 бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ...

барчасп: 

Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст

Санаи 23-юми ноябри соли 2020 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Парчам – рамзи худшиносии миллӣ» баргузор гардид.Мизи мудавварро директори ПИТФИ номзади илмҳои филологӣ Д.Раҳимӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати рӯзи Парчам муборакбод гуфт. Инчунин қайд намуд, ки истиқлолияти давлатиро бидуни рамзҳои давлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз истиқлолият боис гардид, ки рамзҳои давлатӣ бознигарӣ шаванд.

барчасп: 

Таҷлили Рӯзи Президент Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

Санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ А.Аминов – муовини директор оид ба корҳои илмӣ, Ш.Комилзода – муовини директор оид ба корҳои методӣ, мудирони шуъбаю бахш ва ходимони илмии пажӯҳишгоҳ иштирок карданд.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини директори ПИТФИ номзади илмҳои

барчасп: 

Нон дар контексти ҷашну маросимҳои мардуми тоҷик

Аз замонҳои қадим то кунун миёни мардуми тоҷик нон яке аз бузургтарин анвои хўрдании рўйи хон ба ҳисоб меравад. Нисбат ба дигар халқу миллатҳо дар фарҳанги тоҷикон нон ҷойгоҳи хосса дошта, эҳтиром нисбат ба он хеле зиёд аст. Ҷои шубҳа нест, ки мардуми мо нонро баробари дигар муқаддасоти динӣ дониставу дар бораи он нақлу ривоятҳои фаровоне офаридаанд. Дар такя ба бовару ақида ва мақолу зарбулмасалҳои халқӣ, куҳансолон насли наврасро тарбият намуда, ба ин васила ҳурмату эҳтироми онҳоро нисбат ба нон ҳамчун хўрдании муқаддас талқин менамоянд.

барчасп: 

КОНСТИТУТСИЯ – РОҲНАМОИ МИЛЛАТ

6-уми ноябри соли ҷорӣ мардуми Тоҷикистон 26-умин солгарди Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Бо дарназардошти ин, ки тоҷикон чандин садсола давлати мустақили миллӣ надоштанд, инчунин як қисмати таърихи начандон дури мо дар доираи низоми давлатдории умумишӯравӣ ҷараён гирифта буд, 26-солагии Конститутсия барои мо ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукӯҳи хоса дорад. Дар давоми ин солҳо миллати сарбаланди тоҷик ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ...

барчасп: 

КИТОБ ВА НАҚШИ МАЪНАВИИ ОН

Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон  аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.

Эмомалӣ Раҳмон

 

барчасп: 

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ПОЙТАХТ

Санаи 18 октябри соли ҷорӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи  Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон баргузор гардид. Дар ҷашни мазкур намояндагони табақаҳои гуногун, деҳконону кишоварзон, косибону ҳунармандон, санъаткорон ва умуман аҳли фарҳанг аз шаҳру навоии кишвар, махсусан аз ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуда,  намоиши маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили сабзавот, полезӣ, меваҷот, ғаладонагӣ, техникаи кишоварзӣ, иқтибосҳо аз суханрониҳои Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷашни Меҳргон, шеърҳо аз осори шоирони классику муосир дар шакли овеза  ва банерҳо овезон гардида буд. Ҳанӯз аз субҳи барвақт боғи мазкур идгоҳи ҳақиқиро мемонд.

барчасп: 

Страницы