ТАБСИРАЕ БА ДУ РАВИЯИ ЯК РАССОМ
Чоп шуд: 28/10/2024Моҳи июли соли равон бо ибтикори Вазорати фарҳанг дар Осорхонаи миллӣ намоиши асраҳои рассоми навовари тоҷик Зокир Собиров таҳти унвони «Ду равияи як рассом» доир гардид. Ҳазорҳо нафар аз намоишгоҳ дидан карда, ҳам таассуроти зебоиписандӣ бардоштанд ва ҳам итминон ҳосил карданд, ки фазои ҳунарии кишвар холӣ нест, талошу созандагӣ вуҷуд дорад.
ТАҲҚИҚИ ЧАНДЕ АЗ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГӢ, ТАБИӢ ВА МАВЗЕЪҲОИ МУҚАДДАСИ ШАҲРҲОИ ТУРСУНЗОДА, ҲИСОР ВА НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ
Чоп шуд: 24/10/2024Дар аснои экспедитсияи мардумшиносӣ, ки ба шаҳру навоҳии Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳринав сурат гирифт, самтҳои мухталифи мероси фарҳангии тоҷикон мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Ҷараёни пажуҳиш анъанаи шифоҳӣ, ҷойҳои муқаддас, харсангҳои шифобахш, дарахтони таърихи куҳан дошта, чашмаҳои даводиҳанда, мағораҳои қадим ва теппаю манораҳоро, ки ҳар яке таърихи гузаштаи миллатро қисса карда, дар ҳаёти фарҳангии мардум аҳамияти хосса касб кардаанд, дар бар гирифт...
САҲМИ МАКТАБИ РАССОМИИ БАЧАГОНАИ ШАҲРИ ХУҶАНД ДАР ТАРБИЯИ МУСАВВИРОНИ НАВРАС
Чоп шуд: 22/10/2024Омӯзиши фаъолияти Муассисаи давлатии таълимӣ-фарҳангии «Мактаби рассомии бачагона»-и шаҳри Хуҷанд (минбаъд Мактаби рассомии бачагона) нишон дод, ки мактаби мазкур дар таълиму тарбияи мусаввирони наврас, тақвияти истеъдод ва дарки зебоипарастӣ, баланд бардоштани завқи касбомӯзӣ, таҳаввул ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми муносиб гузоштааст...
Осорхонаҳои маҳаллӣ-тарғибгари фарҳанги бумӣ
Чоп шуд: 21/10/2024Сафари навбатии мо баҳри омӯзиши муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, ки аз 23-уми сентябр то 2-уми октябри соли ҷорӣ сурат гирифт, осорхонаҳо низ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар раванди корҳои пажуҳишӣ ва ҷамъоварии маводи илмӣ, аз фурсати муносиб истифода бурда, бо директори «Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ», муҳаққиқи барҷастаи осорхонашиносӣ ва кишваршиносӣ Амирхон Саидзода...
Қонуне, ки мушкилоти садсолаҳоро осон намуд
Чоп шуд: 18/10/2024Дар ҳошияи Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ кормандони Вазорати фарҳанг ба мақсади тарғибу ташвиқи моҳияту муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак” ва баргузории чорабинӣ рӯзҳои 1-ум ва 2-юми октябри соли равон ба шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон ба сафари хидматӣ фиристода шуданд, ки муҳтавои баромади онҳоро оид ба қонуни...
Баргузории рӯзҳои фарҳангӣ-омили рушди маънавӣ
Чоп шуд: 18/10/2024Чанд рӯз аст, ки дар пойтахти кишвар, дар маркази шаҳри Душанбе фазои фарҳангӣ ва дӯстиву ҳамгироӣ тантана дорад. Ба вуҷудойии чунин фазои фараҳбахш аз он сабаб аст, ки аз 16 то 18-уми октябри соли ҷорӣ рӯзҳои фарҳангии Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст. Ҳақиқати раднопазир аст, ки қабл аз замони соҳибистиқлолӣ ва оғози мустақиллият фикри чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва робитаҳои гуногуни дипломатӣ, аз ҷумла фарҳангӣ, дар андешаи нафаре аз ин миллат давр намехӯрд...
ВАЗЪИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ (бардошт аз сафари хидматӣ)
Чоп шуд: 18/10/2024Осорхонаҳо бунёд ва обод мегарданд, сайре ба осорхонаҳои ноҳияи Ховалинг
Чоп шуд: 10/10/2024Ховалинг дар оғўши табиати сарсабзу дилфиреб ва адабпарвари худ ҳазорон олимону донишмандон, шоирону нависандагони шаҳирро тарбият намуда, ба воя расонидааст, ки ин омил дар эҳёву тараққии фарҳанги бумӣ бетаъсир нест. Мушоҳидаҳо ба таври иҷмолӣ нишон медиҳанд, ки дар даврони истиқлолият соҳаи фарҳанги ноҳия беш аз пеш рушд намудааст, ки осорхонаҳо як шохаи пураҳамияти фарҳанг аз он тараққиёт бебаҳра намондаанд...
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- 1
- 2
- 3
- 4
- 5
- 6
- 7
- 8
- 9
- …
- следующая ›
- последняя »