Ривоҷи ҳунари гулдӯзӣ дар Файзобод
Чоп шуд: 16/09/2024Гулдӯзӣ аз қадимтарин ва ҷаззобтарин ҳунари бонувон маҳсуб меёбад, ки дар манотиқи гуногуни олам занону духтарон ба он шавқу ҳаваси беандоза доранд. Бонувони мо аз қадимулайём омӯхтани ҳунарҳои занона, ба хусус гулдӯзиро шараф меҳисобиданд ва ҳар як модар кӯшиш мекард, ки ба духтараш ҳунарҳои дӯхтани дарзу чо ва гулдӯзиро ёд диҳад. Мавриди зикр аст, ки барои офаридани гуле дар матоъ заҳмати чанд ҳунарманд сарф мешавад...
Драматургия ва театр: аз муқовимат то ҳамкорӣ
Чоп шуд: 13/09/2024Драматургия ва театри миллии мо дар ҳоли талош ва ҷустуҷӯи дарёфти за-бони муосири муошират бо мухлисони хеш ҳастанд. Мо шоҳиди кӯшишҳое ҳастем, ки ба рушди ин ду навъи муҳими ҳунарӣ мусоидат менамоянд. Яке аз ин тадбирҳои муваффақ ва самарабахш дар рушди драматургияи миллӣ Оз-муни ҷумҳуриявии драматургон мебошад, ки қариб ҳамасола бо ташаббуси Вазорати фарҳанги кишвар амалӣ ва тибқи одат ба санаҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар бахшида мешаванд...
Сирк риштаҳои дӯстиро мепайвандад
Чоп шуд: 13/09/2024Аҳли санъату ҳунар, аз ҷумла ҳунармандони сирк дар пайванди робитаҳои фарҳангӣ саҳми арзанда гузошта метавонанд. Як ҳунарманди сирк метавонад бо номераи худ сайри ними ҷаҳон кунад, риштаҳои дӯстиро бипайвандад, фарҳангу ҳунари кишвари хешро ба халқҳои гуногун муаррифӣ намоянд. Агар ба ин муваффақ шуд, ин рисолати муборак ва бахти баланд аст барои ӯ, барои сирки тоҷик ва аҳли санъату ҳунари кишвараш...
Мактаби намунавӣ
Чоп шуд: 13/09/2024«Шашмақом» барҳақ яке садоҳои тамаддунҳои бузург аст. Дар мазмуни фарҳангии мусиқии олам ба монанди он падидаи нодиреро дастрас намудан ғайри имкон аст. Дар доираи санъати шифоҳӣ «Шашмақом» низ беназир ва аз лиҳози маънӣ, сабк ва мазмун бузург буда аз шоҳҳасари мусиқии суннатӣ буданаш шаҳодат медиҳад. Баҳри ҳифзу рушду нумӯ бахшидан ва аз умқи қарнҳо интиқол додан то ба замони мо садҳо муаррихону, мусиқишиносон, мутафаккирон хидматҳои беназире намудаанд...
АЛОҚАМАНДИИ РИВОЯТҲО БО ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГӢ ВА ТАБИӢ
Чоп шуд: 13/09/2024Ривоятҳо аз гунаи осори шифоҳӣ буда, дар рушду густариш ва ҳифзи фарҳанги мардумӣ нақши муассир доранд. Чунки ривоят ҳамчун қиссаи шифоҳӣ ифодагари донишу таҷриба ва тасаввуроти мардум дар бораи шахсиятҳои таърихӣ, ёдгориҳо, мазору дахмаҳо, деҳкадаву зиёратгоҳҳо ва ғайра мебошад. Гарчанде ривоятҳои дар атрофи ин ё он ёдгорӣ ва ё шахсиятҳо эҷодшуда билкул воқеӣ набошанд ҳам, вале онҳо дар рушди фарҳанги маънавии мардум ва зинда нигоҳ доштани номи аксари ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ аҳамияти хосса доранд...
Саҳми ПИТФИ дар рушди илми китобдорӣ дар даврони истиқлол
Чоп шуд: 12/09/2024Дар даврони истиқлол Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (минбаъд ПИТФИ) тавассути ташкил ва баргузории экспедитсияҳои илмӣ ва таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои муҳимми соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла библиографияи тоҷик саҳми назаррас гузоштааст. Бо ташаббуси олимони ПИТФИ дар заминаи таҳқиқотҳои анҷомдодашуда теъдоди муайяни барномаву китобҳои дарсӣ, маводи таълимию методӣ, маҷмуаҳои илмӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ омодаву нашр шуданд...
АҲАМИЯТИ ФАРҲАНГИИ ЗИЁРАТГОҲҲОИ ДЕҲАИ ЁРИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Чоп шуд: 12/09/2024Дар Осиёи Марказӣ аз пайдоиши дини ислом то инҷониб шахсиятҳои зиёде зиндагонӣ кардаанд, ки роҷеъ ба онҳо нақлу ривоятҳо ва қиссаҳо дар адабиёти китобию шифоҳӣ мавҷуданд. Аксари ин шахсиятҳо дар замони худ мадрасаҳои Самарқанду Бухоро, Хуҷанд мамлакатҳои Арабро хатм карда, ба зодгоҳашон баргашта, то охири умр дар ҳамон ҷо зиндагӣ ва фаъолият намудаанд...
Нақши мактабҳои санъат дар рушди фарҳанги миллӣ
Чоп шуд: 12/09/2024Мактабҳои бачагонаи санъат поягузори фарҳанги миллӣ буда, дар рушду такомули он нақши муҳим мебозанд. Санъати касбӣ баҳри густаришу мустаҳкам ва ғанӣ гардидани фарҳангу санъати аҷдоди мусоидат менамояд. Бо мақсади омӯзиш ва баррасии барномаҳо, нақшаҳо ва рафти таълиму тарбия дар муассисаҳои санъати бачагонаи ҷумҳурӣ қисмати ҳунарҳои занона ва санъати рассомии Мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Варзоб мавриди пажȳҳиш қарор гирифт...
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- 1
- 2
- 3
- 4
- 5
- 6
- 7
- 8
- 9
- …
- следующая ›
- последняя »