РУШДИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯҲОИ ТОҶИКОБОДУ РАШТ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Андешаи раднопазир аст, ки тамоми соҳаҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав барқарор гардида, таҳаввул ёфтанд ва ҳамаҷониба рушду тараққӣ намуданд ва ҳамагон медонем, ки ин ҳама бегумон ба сиёсати фарогири Пешвои муаззами миллат алоқаманд аст. Сиёсати фарҳанг-парваронаи Сарвари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соҳаи фарҳанги кишвар тамоман тағйир ёфта, инфрасохтори он дар саросари Мамлакат ба тараққиёти назаррас ноил гардид...

барчасп: 

ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ ДАР КИШВАР: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО

Ба ҳамагон маълум аст, ки миллати тоҷик дар тӯли таърих бо вуҷуди фарҳангу маданияти воло ва дониши оламшумул доштан хеле чизҳои арзишманди дигарро аз даст додааст. Аммо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки ин ва дигар арзишҳоро мо ҳадди ақкал ҳифз ва он чиро, ки дорем, ҳифзу қадр кунем. Дар ин замина хизматҳо ва фидокориҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо боризу мондагор аст...

барчасп: 

Мактаби санъати №1 ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд, нақш ва фаъолияти он дар рушди санъати мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Мактаби санъати №1 ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд яке аз муассисаҳои муҳими таълимии фарҳангии кишвар ба шумор меравад. Бо таърихи таъсиси худ дар соли 1952, мактаб барои рушди санъати мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми назаррас гузоштааст. Имрӯз ин мактаб на танҳо ҳамчун маркази таълими мусиқӣ, балки ҳамчун макони ҳифз ва рушди фарҳангӣ амал мекунад...

барчасп: 

ВАЗЪИ ИМРӮЗАИ ҲУНАРИ КУЛОЛӢ ДАР МАКТАБҲОИ САНЪАТИИ БАЧАГОНА (Дар мисоли шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав ва Рӯдакӣ)

Кулолӣ яке аз касбҳои қадимаи мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Онро як навъ санъат номидан мумкин аст, ки ба воситаи пухтани лой ва маҳлулҳои дигари лозима ба даст оварда мешавад. Тибқи ривоятҳо хок ва сафол дар ҳаёт мавқеи махсус дорад ва аз нигоҳи таърихӣ гилро инсоният бештар истифода мебарад. Аз ин лиҳоз, кулолӣ ҳамчун пешаи қадимтарин амал карда, то замони мо омада расидааст...

барчасп: 

САҲМИ НАШРИЁТИ «ИРФОН» ДАР ЧОПИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ФАЪОЛИЯТИ ГУНОГУНҶАБҲАИ ОН

Як самти дигари басо муҳимми фаъолияти нашриёти «Ирфон» баъди солҳои 2000-ум чопи асарҳо дар бораи Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти гуногунҷанбаи он мебошад. Дар ин самт низ нашриёт як қатор асарҳои мондагор ба табъ расондааст. Аз ҷумла, дар ин самт соли 2000 нашриёт китоберо таҳти унвони «Ваҳдат, сулҳ ва бунёдкорӣ мароми мост!» (Душанбе: Ирфон, 2000. – 160 с.) ...

барчасп: 

НАҚШИ НАШРИЁТИ «ИРФОН» ДАР ЧОПИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Умуман, баъди солҳои 2000-ум як самти муҳимми фаъолияти нашриёти «Ирфон» чопу дастраси умумӣ гардондани асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рамон ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, соли 2001 аз тарафи муассиса китоби Сарвари давлат таҳти унвони «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ» (Душанбе: Ирфон, 2001. – Ҷ. 1. 512 с.; Ҷ. 2. – 512 с.; Ҷ. 3. – 702 с.) ...

барчасп: 

Рушди санъати рассомӣ дар МД “ Мактаби саъати бачагонаи ба номи А. Назаров”-ӣ н. Шаҳринав ва МД “ Мактаби санъати бачагонаи ба номи С. Ҳамроев”-и ш. Ҳисор

Бо мақсади омӯзиш ва баррасии вазъи муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ба ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Ҳисор сафари хидмати анҷом додем. Сараввал аз вазъи таълим дар  МД “Мактаби санъати бачагонаи ба номи А. Назаров” - ӣ ноҳияи Шаҳринав коррро оғоз намудем. Бо роҳбари  муассиса Шарипов Қудратулло ҳамсуҳбат шуда оид ба вазъи муассиса суҳбат кардем.  Бинои ин муассиса соли 1981 сохта шуда аз 7 (адад) синфхонаи иборат аст...

барчасп: 

РУШДИ САНЪАТИ РАССОМӢ ДАР МД “МАКТАБИ КӮДАКОНАИ САНЪАТИ” ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки фарҳанг  ҳастии миллат аст. Қавм ё миллате нест, ки бидуни фарҳанг арзи ҳастӣ карда бошад. Миллати тоҷик дорои фарҳанги бою ғанӣ буда, натанҳо дар Осиёи Миёна, балки дар дигар минтақаҳои дунё тавассути санъати волояш шинохта шудааст. Санъати рассомӣ низ яке аз шохаҳои фарҳанги миллӣ аст, ки дар он олами ҳастиро метавон  дарҷ кард...

барчасп: 

Страницы