Шоҳҷоизаи “Дидор” ба филм аз Афғонистон расид
Чоп шуд: 21/10/2016Ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” дар панҷумин рӯзи ифтитоҳаш дар театри опера ва балетаи ба номи Садриддин Айнӣ, баъди зуҳри рӯзи панҷшанбе, 20-уми октябр боз ҳам дар ҳамин театр аз анҷоми кораш хабар дод.
Филми коргардони афғон Ҷамшед Маҳмудӣ “Чанд метри мукааб ишқ” шоҳҷоизаи ҷашнвораи байналмилалии синамои “Дидор”-ро соҳиб шуд.
Ин киноҷашнвораи байналмилалӣ, ки рӯзи 16-уми октябр ифтитоҳ шуда буд, дирӯз дар театри опера ва балетаи ба номи устод Айнӣ бо ҳузури густардаи ҷамъе аз
Ортиқ Қодир: Тетри тоҷик чандин марҳиларо тай кард, то ки касбӣ шавад
Чоп шуд: 21/10/2016Дар атрофи театри имрӯз ва муҳити театрӣ дар кишвар зарфи ин чанд соли охир зиёд гуфта шуд. Мақолаҳои таҳлилии матбуот ва суҳбати барҷастатрин чеҳраҳои театри муосир то ҳадде як бонги изтироб ҳам буд, ки театр мавқеъи худро дар ҷомеа аз даст медиҳад. Ва далел ҳамоно толорҳои беодами театрҳост, ки ҳатто дар нахустнамоиши спектаклҳои хуб низ пур намешаванд.
Ва албатта, ин мушкил вуҷуд дорад, онро касе наметавонад рад кунад. Дар қиёс ба аввалу охири солҳои 80 асри гузашта толори театрҳои мо аксар вақт холианд.
Бахт ёри мо набуд, бахтиёри мо бирафт...
Чоп шуд: 18/10/2016Ман ин матлабро ду сол пеш, дар рӯзи фавти Бахтиёр Худойназаров навишта буд. Ва он дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” чоп шуда буд.
Субҳи имрӯз вақте хостам дар бораи ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” матлабе нависам, аз ин мақола ёдам омад. Онро бо андаке таҳрир дар саҳифа ҷо мекунам.
Худоё, беватан мемирам охир,
Дар шаҳри Душанбе ҳафтумин Ҷашнвораи байналмилалии синамо идома дорад
Чоп шуд: 18/10/201616 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Ҳафтумин ҷашнвораи байналмилалии синамо оғоз ба кор кард. Ин чорабинии муҳими байналмилалӣ ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир мешавад ва ба бузургдошти ҳунарманди шинохта, коргардони беҳамто, марҳум Бахтиёр Худойназаров бахшида шудааст.
Раиси ҳакамони ҷашнвори байналмилалии “Дидор” ин бор Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва аъзои ҳакамон Ризо Киёниён - ҳунаманди маъруфи театру синамо аз Эрон ва Латика Падгаонкар - нависанда, муҳаррир,
Баҳси “Фалак” дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот
Чоп шуд: 10/10/2016Бахшида ба рӯзи “Фалак” дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, коршиносон ва ходимони санъат конфронси илмӣ баргузор гардид.
Шариф Комилзода, Директори Пажуҳишгоҳ дар сухани муқаддамотии худ Фалакро қадимитарин мусиқии суннатии кишвар хонд ва гуфт, ки сар аз соли 2007 ҳар сол 10-уми октябр чун рӯзи ҷумҳуриявии “Фалак” таҷлил мешавад.
Шариф Комилзода аз таърихи эҳёи ин мусиқии бостонӣ ёд кард ва гуфт, ки 20 уми июли
Шамисияи Қосим: Ёди шумо сафеди ҷилодор аст, дада
Чоп шуд: 17/09/2016Ҳудуди се сол доштам. Ману Шафақ болои чана нишаста ва рӯйи барф порвоз мекардем. Шумо банди чана дар даст пешо пеши мо медавидед ва гаҳ-гоҳе ба ақиб, ба мо бо табассуме нигоҳ мекардед, ки дили моро бештар ба тапиш меандохт. Медонистем, ки маънои он табассуми бозиҷӯш, боз як ҷаҳиши дигар аз болои ду зинаи пиёдарав аст, ки сари ҳар чанд метр ба сӯйи марказ нишеб мешуд. Баланд механдидем ва фарёд мезадем. Хеле хушбахт будем. Зиндагиро дӯст медоштем. Хушбахт буданро ба мо меомӯхтед.
Нуриддин Ҷаронӣ: Фаррух нест, иқдом нест, илҳом нест...коргардон нест...
Чоп шуд: 17/09/2016Фаррух кӣ буд?
Ҷавоб: Фаррух ҳамеша мехост ИНСОН бошад! Бале ИНСОН! Аз ин рӯ дунболи ин ном ва мақом буд. Бинобар он ҳамеша китоб мехонад.
Ва бо нафарони дӯстдори ин ном суҳбатҳо дошт, мисли ташнае, ки об меҷӯяд, вай инсон меҷуст. Ҳамеша дар ҳаракат буд. Ҳамеша дар кофтуков буд. Зиёд ҳарф намезад, кӯшиш мекард зиёд гӯш кунад. Гӯш карданро аз гуфтан як муддат зиёдтар меписандид!
Ҳамеша дар лабонаш табассум буд. Охирҳои вақт ҳар китобро намехонд. Он китобҳоеро
Ба ифтихори 68 - солагии Фаррух Қосим - нобиғае дар саҳнаи ҳунар
Чоп шуд: 17/09/2016Фаррух Қосим ва театр. Наметавон ин дуро аз ҳам ҷудо донист. Шахсияте бархоста аз як хонаводаи фарҳангиёну ҳунармандон билохира кори шигифтангезро анҷом дод. Вай солҳо талош кард, то дар муҳити театрӣ худ бошад ва муваффақ шуд. Баъди чанд даҳсолаи талош бо театри худ ба фазои театрии кишвар ворид шуд ва онро чунин номид: “Аҳорун”.
Оре, сухан аз Фаррухи Қосим аст, ҳунарманди соҳибмактаб, шахсе, ки як кохи фарҳанги бегазандро ба ёдгор гузошт ва агарчанде худ имрӯз дар қайди ҳаёт нест, ин театр вуҷуд
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 91
- 92
- 93
- 94
- 95
- 96
- 97
- 98
- 99
- …
- следующая ›
- последняя »