Абёти Шашмақом
Чоп шуд: 11/11/2016«Абёти шашмақом» рисолаи мусиқӣ оид ба «Шашмақом», ки охири асри XYIII – ибтидои асри XIX дар Бухоро таълиф гардидааст.
Муаллифаш номаълум. Рисола сохт ва шакли анъанавӣ дошта, аз муқаддима ва шаш фасл иборат аст ва бо хати хонои настаълиқ ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.
Дар муқаддима тафсири муъҷази мусиқӣ чун илму санъат ва мавқеи он дар байни илм ва ҳунарҳои дигар, инчунин мақсади таълифи рисола зикр ёфтааст. Дар рисола (одатан дар ибтидо) аз соқиномаҳои классикони адабиёти форсу тоҷик порчаҳ
Камол Насрулло дар бораи Эъломияи Куруши Кабир чун сарчашмаи таърихии пайдоиши констутсияҳо
Чоп шуд: 06/11/2016Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон мегӯяд, яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва пайдоиши конститутсияҳо — ин Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир аст. Эъломияи мазкур соли 539-уми пеш аз мелод аз ҷониби шоҳ Куруш – асосгузори воқеии давлати Ҳахоманишиён қабул гардидааст.
Бино ба навиштаи шоир пас аз қабули Эъломия Куруш на танҳо дар байни мардуми худ, балки дар миёни мардумони мамолики олам нуфузи бештарро соҳиб мешавад ва дар баробари бузургони давру замонҳо қарор мегирад.
Матбуоти маҳаллии Тоҷикистон ва зарурати пажўҳиши он
Чоп шуд: 05/11/2016Агар ибтидои асри равон дар тарбияи маърифати иҷтимоии мардуми Осиёи Марказӣ, минҷумла тоҷикон васоити электронии ахбор, аз ҷумла интернет нақши бештар пайдо карда бошад, дар ибтидои садаи ХХ ҳамин нақшро, асосан, матбуоти даврӣ иҷро мекард. Ин аст, ки ҳанўз соли 1917 Зайнолобиддини Мароғаӣ дар китоби худ «Саёҳатномаи Иброҳимбек» чунин навишта буд: «Дар рўи замин нахустин асбоби тараққӣ ва тамаддуни миллатҳо, саодат ва некбахтиионҳо ба воситаи матбуот аст».
Ансамбли тарона ва рақси Помир
Чоп шуд: 02/11/2016Ансамбли тарона ва рақси Помир дастаи ҳунариест, ки замонешуҳрат дошт, вале баъдан пароканда шуд.
Ин дастаи ҳунарӣ, ки аз сарояндагон, навозандагон, раққосаҳо ва ҳаҷвнигорон иборат буд, соли 1955 дар заминаи Ансамбли этнографии бачагонаи Помир дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Аз оғоз беҳтарин ҳунармандни минтақаи Помири кишвар дар он гирд омаданд ва ҳудудан 60 нафар бо таронаву рақс ва саҳнаҳои дилнишини дар қалби ҳазорон
Бо Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов шинос шавед
Чоп шуд: 02/11/2016Аз ҷумлаи беҳтарин ҳунармандони театр ва синамои кишвар аст. 7-уми ноябри соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1960 факултаи актёрии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардааст. Соли 1964 бошад курси олии коргардонии Академияи санъати шаҳри Маскавро хатм намудааст.
Аз соли 1960 то соли 1961 дар театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.С.Пушкин (ҳоло ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ)- шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) кор
Артистони халқии РСС Тоҷикистон киҳояд?
Чоп шуд: 01/11/2016Артисти халқии РСС Тоҷикистон - унвони фахрӣ, ки 28-уми марти 1939 бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ. таъсис ёфтааст. Унвони мазкур ба ҳунармандон, коргардонҳои театру синамо, овозхонон, оҳангсозон, мутрибон, дирижёрон, устодони рақс, роҳбарони бадеии дастаи навозандагон, хор ва дигар намояндагони санъат барои маҳорати баланди ҳунарӣ, офаридани образҳои барҷаста, асарҳои баландмазмуни саҳнавию мусиқӣ, намоишномаҳои театрӣ, синамофилмҳо, инчунин барои хидматҳои бузург ҷиҳати инкишоф ва омода сохтани кадрҳои санъати ҷумҳурӣ дода мешуд.
Артистони халқии СССР аз Тоҷикистон
Чоп шуд: 01/11/2016
АРТИСТИ ХАЛҚИИ СССР, унвони фахрӣ, ки 6 сент. 1936 бо Укази Комитети Иҷроияи Марказии СССР таъсис ёфтааст.
Унвони мазкур ба барҷастатарин ходимони санъати халқҳои СССР, фаъолтарин намояндагони театр, мусиқӣ ва кинои шўравӣ дода мешуд.
Бо пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ (соли 1991) унвон аз байн рафт. Нафарони зерин аз Тоҷикистон дар солҳои гуногун ба ин унвони фахрӣ мушарраф гардидаанд:
Нақши расона дар фарҳанги иҷтимоӣ
Чоп шуд: 28/10/2016Донишманди маърфи тоҷик Зафар Сайидзода дар китоби нави худ бо номи “Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ” қатори масъалаҳои хеле муҳиме аз қабили нақши сиёсии Президенти Тоҷикистон дар рушди босуботи кишвар, гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ ва ғайра ба масъалаи расонаҳои кишвар низ таваҷҷуҳ кардааст. Дар зер порае аз ин мақола меояд:
Имрӯзҳо инсоният бо ворид шудан ба асри расонаҳо ва шаклгирии ҷомеаи иттилоотӣ
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 90
- 91
- 92
- 93
- 94
- 95
- 96
- 97
- 98
- …
- следующая ›
- последняя »