КОНСТИТУТСИЯ – ҲАМЧУН САНАДИ МУҚАДДАС
Чоп шуд: 03/11/2023Рӯзи 03.11.2023 дар толори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия – санади тақдирсози миллат” мизи мудаввар баргузор гардид. Ҷаласаи тантанавиро директори пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Абдуфаттоҳ Аминов оғоз карда, ҳозиринро ба ин рӯзи таърихӣ ва барои миллати тоҷик муҳим таҳният намуд.