Интишорот

Бузургонро бузургон зинда медоранд

Устод Садриддин Айнӣ дар таърихи адабиёти тоҷик бо асарҳои илмиаш ҳамчун адабиётшинос ва муҳаққиқи забардаст машҳур аст. Ӯ аввалин шахсе аст, ки бо асарҳои илмии худ, монанди «Намунаи адабиёти тоҷик», «Устод Рӯдакӣ», «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ, «Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ», «Камоли Хуҷандӣ», «Алишер Навоӣ», «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-ул вақоеъ»,..

барчасп: 

Ифтихори шогирдон

Ҳамасола фарорасии ҷашни Наврӯз ва рӯзи Фарҳанг баробар ба зодрӯзи яке аз шахсиятҳои муътабари фарҳангӣ – композитор, навозанда, дирижёр, омӯзгори маъруфи тоҷик, олим-муҳаққиқ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1991), профессор (2001), Аълочии фарҳанг (2010), «Муаллими беҳтарини сол» (1999, 2000), узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (аз соли 1998) Ҷӯрахон Обидпур рост меояд.

барчасп: 

Табрикоти директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба муносибати ҷашни Наврӯз

Наврӯз қадимтарин ва фархундатарин ҷашн дар рӯйи олам мебошад. Он паёмрасони эҳёи табиат, мубаллиғи беҳтарин арзишҳову ғояҳои инсонӣ, пайвандгари дӯстию амонӣ, ваҳдату ягонагии инсону табиат, оғози корҳои кишоварзию боғдорӣ ва ғайра ба шумор меравад.

барчасп: 

“Наврӯз, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ”

Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи фарҳанг дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот рӯзи 19-уми марти соли равон мизи мудаввар, таҳти унвони «Наврӯз, фарҳанг ва ҳуввияти миллӣ», баргузор гардид.  Зимни ифтитоҳи ҳамоиш директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ зикр кард...

барчасп: 

Тарғиби гӯшаҳои ҷашнӣ дар осорхонаи миллии Тоҷикистон (дар мисоли ҷашни Наврӯз)

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ мардуми тоҷик дорои давлтдории миллӣ гардида, дар ин асно эҳё намудани як қатор ҷашнҳои хусусияти таърихӣ- фарҳангӣ дошта, зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор гирифт. Наврӯз яке аз ҷашнҳои куҳани мардуми тоҷик буда, инсонҳоро ба гуфтори нек, кирдори нек ва пиндори нек даъват намуда, ба ин васила, дар ниҳоди онҳо нисбат ба якдигар меҳру шафқат, дӯст доштани табиатро бедор мекунад.

барчасп: 

Анъанаи ӯсмакашии гулдухтарон дар фасли баҳор (дар мисоли ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ)

Баҳор  бо омаданаш  ба ҳар як мавҷудоти зиндаи табиат нерӯи тоза мебахшад. Дар васфи баҳор  шоирону нависандагон асарҳои бешуморе эҷод намудаанд. Воқеан,  баҳор фасли зебо ва арзандаи тавсифи шоирона аст, аз ин рӯ  ҳар қадар  дар васфи зебогии баҳор гӯем  кам аст, зеро баҳор мӯъҷизаофар буда, ҳар як соҳибқаламро водор менамояд, ки дар васфи баҳор эҳсоси худро баён намояд.   

барчасп: 

Пешниҳод. Ормонҳои Маҳмудҷон Воҳидовро амалӣ намоем

Ҳанӯз 65 сол қабл дар рӯзҳои Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва, ки моҳи апрели соли 1957 баргузор гардид, дар толори консертии ба номи Чайковский ҷавоне бо тоқии чоргулу ҷомаи беқасаб шеърҳои Мирзо Турсунзодаро бо садои ҷарангосиву мутантан ва маҳорати баланд дар бораи сулҳу дӯстӣ хонд ва таваҷҷуҳи аҳли толорро ба худ ҷалб кард. Ин ҷавон узви маҳфили ҳаваскорони бадеии деҳаи ...

барчасп: 

Нақши афсона дар ташакули психологияи кӯдак

Луқмони Ҳаким файласуф- қаҳрамони асарҳои бадеии навиштории халқи тоҷик тарбияи кӯдакро ҳанӯз аз батни модар зарур дониста, роҳи беҳтарини ба камол расонидани фарзанди солеҳро дар ҳанӯз дар батни модар бо суханони нек ва хотироти хуб гуфтан мебинад. Ин суханони Луқмони Ҳаким дар илми тибби ҳозира дақиқ исбот шуда, олимони ин соҳа бар он боваранд, ки кӯдак ҳанӯз аз 6 моҳагии дар батни модар будан ...

барчасп: 

Страницы