Интишорот

ПОСИ ХОТИРА

Рӯзи 19-уми июни соли 2021 баъд аз бемории начандон тӯлонӣ, қалби муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор аз тапидан боз монд. Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор 20 ноябри соли 1964 дар деҳаи Қуштеппаи ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1982 ба факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил мешавад. Ӯ хатмкардаи факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва ...

барчасп: 

Ба пешвози Рӯзи Ваҳдати миллӣ Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда

24 сол пеш дар шаҳри Маскав мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, ки он 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав баъди 8 даври гуфушуниди (с.1994-1997) байни тоҷикон (байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин), ба имзо расид.

барчасп: 

Шарафи ватандорӣ

Рӯзи 7-уми майи соли 2021 дар маҷлисгоҳи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба муносибати 76-солагии рӯзи ғалаба музи мудаввар баргузор гардид. Ҳамоишро директори ПИТФИ номзади илмҳои филологӣ, Дилшод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшид. Зимни суханронии хеш ӯ таъкид намуд, ки ғалабаи ҶБВ на танҳо зафари мардуми рус, балки ғалабаи тамоми халқҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ аст. Аз ҷумла мардуми тоҷик дар ғалабаи ҶБВ бар фашизм хидматҳои арзанда кардаанд. Ҳазорҳо нафар фарзандони далеру шуҷои Ватан дар роҳи ин мубориза ҷони хешро...

барчасп: 

«Мирзо Турсунзода муаррифи адабиёт ва фарҳанги миллӣ»

Рӯзи 4-уми майи соли равон дар толори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ маҳфили навбатии «Гулбоғи адаб», таҳти унвони «Мирзо Турсунзода муаррифи адабиёт ва фарҳанги миллӣ» бахшида ба 110 - солагии шоири шаҳир, Қаҳрамони Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода баргузор гардид.

барчасп: 

Эҳёву таҷлили ҷашнҳои аҷдодӣ омили рушди фарҳанги миллист

Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Бо ташаббусу талошҳои пай дар пай баҳри эҳё ва ба арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ Сарвари давлат нақши муассир доранд.

барчасп: 

Рўй овар бар китобу дониш…

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойи­наи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро «аниси кунҷи танҳоӣ»-ву «фvpўғи субҳи доноӣ» номидааст:

 

барчасп: 

“Паёми Пешвои миллат – роҳнамои аҳли фарҳанг”

Санаи 17-уми феврали соли равон бо ибтикори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат роҳнамои аҳли фарҳанг” баргузор шуд.  Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Абдураҳимзода оғоз гардид. Ӯ дар суханрониаш қайд кард, ки дар Паёми имсола, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бузургдошти фарҳанги миллӣ, аз ҷумла...

барчасп: 

Страницы