ИҶЛОСИЯИ XVI ОҒОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МАРДУМИ ТОҶИК БУД Сӯҳбат бо ходими давлатӣ Адолат Раҳмонова ба муносибати 30 –юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ
Чоп шуд: 29/06/2022- Адолатбону, чуноне мегӯянд, дунёи хотирот касро бо роҳи тайшуда бармегардонад, ки он пур аз шебу фароз, комгориву нокомӣ, шодиву нороҳатист ва гоҳо дили инсонро тазйиқ медиҳаду гоҳо саршори фараҳ мегардонад. Шумо ҳамчун вакили мардумӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ фаъолона ширкат доштед. Аз он рӯзгор чӣ хотираҳое боқӣ мондааст?