«Рост» ва «Соқинома»
Чоп шуд: 20/07/2016«Рост» мақоми дуюм аз силсилаи «Шашмақом» аст. Дар силсилаи «Дувоздаҳмақом» мақоми аввал ҳисоб мешуд. Дар чанде аз рисолаҳои қадим (масалан, дар «Рисолаи мусиқӣ»-и Дарвешалии Чангӣ мақоми «Рост» чун «Уммуладвор») тавсиф ёфтааст.
Абўалӣ ибни Сино дар асари машҳури худ «Ҷавомеъ-ул-илм-илмусиқӣ» мақоми «Рост»-ро тавсиф карда, бо таносуби математики қаторӣ овозҳои онро пурра муайян сохтааст. Ибни Сино ин ҷо тарҷумаи арабии «Рост»-ро («Мустақим») истифода кардааст.
Истилоҳи «Рост» дар мусиқии класикии арабӣ («Расд») ва озорбойҷонӣ низ маъмул аст.