ИСТИФОДАИ ЖАНРИ ДУО ДАР ЗИЁРАТГОҲҲО
Чоп шуд: 05/03/2025Дуо ва фарҳанги дуо кардан яке аз суннатҳои шифоҳии мардуми тоҷик буда, дар қатори дигар унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар ҳаёти мардум мавқеи хоса дорад. Дуо аз калимаи арабӣ гирифта шуда, дар луғат ба маъноҳои фарёд, хоҳиш, илтиҷо, ниёиш, нидо, пурсиш аз Худованд, нафрин, ибодат ва ғайраҳо омадааст. Ҳар шахс дар зиндагии рӯзмарраи худ вобаста ба ҳолати рухдода беихтиёр дуо мегӯяд...