Интишорот

ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Санаи 23.06.2023 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Фарҳанги сулҳ ва Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Ҳамоиш таҳти роҳбарии директори муассиса, н.и.ф. Абдуфаттоҳ Аминов оғоз ёфт. Сараввал Аминов А. ташрифи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумита Суҳроби Бозоралиро хайрамақдам намуда, ҳамаи иштирокдоронро ба ин рӯзи таърихӣ ва фархунда шодбош намуд.

барчасп: 

МАН ҶАҲОНРО БИНГАРАМ БО ЧАШМИ ЯК ШОИР

Ба ифтихори 60-солагии шоири Ватандӯсту Ваҳдатсаро Саъдӣ Мирзо

Саъдӣ Мирзо шоири маъниофар ва тасвиргарост. Мутолиаи ашъори ӯ касро ба олами умеду ормонҳои наҷиби рӯъёӣ раҳнамунӣ мекунад.

Шоир дар ҳар мавзӯъ ашъори хонданиву мондагор сурудааст. Сурудаҳояш бештар дар тавсифи Ватан, модар, ваҳдат ва ишқ, ки мавзуи ҷовидонаи адабиёт аст, эҷод шудаанд.

Саъдӣ Мирзо ба оламу одам бо нигоҳи тозаи ошиқонаву шоирона менигарад.

Саъдӣ Мирзо (Мирзоев Саъдӣ Қутбиддинович)

барчасп: 

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо барои иштирок дар конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Вазъи кунунӣ ва дурнамои фолклоршиносӣ дар Тоҷикистон”, ки ба муносибати ҷашни 100-солагии фолклоршиноси варзидаи тоҷик Раҷаб Амонов дар моҳи августи соли 2023 баргузор мегардад, даъват менамояд.

барчасп: 

МАВҚЕИ ОБ ДАР РИВОЯТҲОИ МАРДУМӢ

Об ба сифати мабдаи тамоми мавҷудот ва умуман нерӯи бунёддиҳандаи коинот дар олам шинохта шудааст. Тибқи нишондодҳои илмӣ, ҷузъи муҳими сохтори олам аз об иборат аст, ки кулли соҳаҳои зиндагии инсонро аз таваллуд то марг, ҳатто инкишофи покизагиву назофатро дар бар мегирад.  Аҳамияти обро дар радифи ҳаво метавон баробар донист. Бидуни он олами ҳайвоноту наботот ва дигар ҷисмҳои зинда наметавонанд вуҷуд дошта бошанд.

барчасп: 

15 май Рӯзи байналмилалии оила

ТАНЗИМИ ОИЛА: ИН МОДАРИ СОЛИМ, КӮДАКИ СОЛИМ, ОИЛАИ СОЛИМ, ҶОМЕАИ СОЛИМ ВА МИЛЛАТИ СОЛИМ АСТ

Масъалҳои  ҳифзи саломатии модар кӯдак, тарбияи  наслҳои солим ва  таьмини ояндаи неки онҳо бояд ҳамеша дар мадди авал бошад.

                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

барчасп: 

БИГЎ, КУҶОСТ МАЗОРИ ТУ?

Бо адиби ҷангноманависи тоҷик Раҳмон Сафар солҳо боз ошноӣ доштам.Чандин маротиба бо ў мусоҳиб шуда, дар рўзномаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон» ва «Ҷумҳурият» ба табъ расондам. Раҳмон Сафар соли 1978 бо рутбаи майор дар синни 46 солагїба истеъфо баромад. То он дам чандин матлаб дар бораи корнамоиҳои ҷанговарони тоҷик навишта буд. Ба гуфтаи худаш ўро барои муайян кардани қисмати ҷанговарони шаҳиди тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамӣ...

барчасп: 

ҶАҲОНРО БА ДОНИШ ТАВОН ЁФТАН...

Нависандаи машҳури олмонӣ Герман Гессе навиштааст: “Ҳар касе, ки дар зиндагӣ роҳи махсуси худро пеш гирад, қаҳрамон аст”. Ин гуфтаҳоро ҳамбаста ба зиндагӣ ва фаъолияти пурсамари устоди донишманд, ростқавлу поквиҷдон ва қавиирода, яке аз фолклоршиносони барҷаста Дилшод Раҳимӣ метавон ёдовар шуд. Имрӯз ин марди дарёдилу оромтабиат ва нексиришт зодрӯз доранд.

барчасп: 

Баррасии проблемаҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол

Ҳамасола дар муассисаҳои илмиву таълимии ҷумҳурӣ бахшида ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ҳар ҳафтаи сеюми моҳи апрел ҳамчун ҳафтаи илм дар шакли конференсияи илмӣ – назариявӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҳатто фаротар аз он қайд карда мешавад.

барчасп: 

Страницы