Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳти чунин унвон рӯзи 7-уми марти соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши илмӣ-адабии идона доир гардид. Ҳамоишро директори ПИТФИ н.и.ф. Аминзода А. Ҳ. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба мақоми зан дар ҷомеа ва замони соҳибистиқлолӣ, хизматҳои Пешвои миллат дар ин самт андешаҳояшро иброз намуд...
Фарҳанг, ки худ ҷавҳари ҳастии миллат аст, аслан дар ниҳоди зан нуҳуфта гашта, онро бо тавлид ва то даврони камолот дар тинати шахс тақвияту пурҷило месозад. Агар ба мафҳуми фарҳанг бандҳои 3, 4, 5 ва 6 - и Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ назар афканем, мақсади аслии зайлро дар меёбем, ки чунин дарҷ гардидааст...
Доираи ҳунарҳои мардумии тоҷикон хеле васеъ буда, решаи он ба умқи таърих рафта мерасад. Аз ҷумла қадимтарин ҳунарҳо ва санъатҳои аҷдодони тоҷикон ресандагӣ, бофандагӣ, меъморӣ, наққошӣ, чӯбкориву кандакорӣ, оҳангарӣ, кулолӣ, қолинбофӣ ва ғайра ба шумор мераванд. Ҳамаи ин ҳунарҳои мардумӣ дар хотираи таърихи миллати тоҷик ҳамчун мероси фарҳанги тамаддунсози наслҳои гузашта маҳфуз монда...
Дуо ва фарҳанги дуо кардан яке аз суннатҳои шифоҳии мардуми тоҷик буда, дар қатори дигар унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар ҳаёти мардум мавқеи хоса дорад. Дуо аз калимаи арабӣ гирифта шуда, дар луғат ба маъноҳои фарёд, хоҳиш, илтиҷо, ниёиш, нидо, пурсиш аз Худованд, нафрин, ибодат ва ғайраҳо омадааст. Ҳар шахс дар зиндагии рӯзмарраи худ вобаста ба ҳолати рухдода беихтиёр дуо мегӯяд...
Джурабек Муродов – Народный артист СССР, исполнивший более тысячи песен, завоевал любовь четырёх поколений слушателей. Он является одним из основателей и руководителем ансамбля «Нури Худжанд» и единственным из артистов, имеющим свой музей при жизни...
Паҳлуҳои фарҳанги халқи тоҷик дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ ба вуҷуд омада, ҳар кадом барои рушду инкишофи ҳаёти фарҳангии мардум ва муаррифии давлату миллат барои наслҳои оянда хидмат кардаанд. Мазору зиёратгоҳҳо ҳам аз ҷумлаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ буда, барои рӯзгори мардуми тоҷик мақоми хоссаро касб кардаанд. Зиёратгоҳ ҳамчун мавзеи муқаддас барои тоату ибодат, муноҷот ба Худованд ва имдод ...
Пӯшида нест, ки бисёр маконҳои зебову табиати мафтункунандаи Тоҷикистонро халқу миллатҳои гуногуни дунё дида, фирефтаи он гардидаанд ва дар китобу мақолаҳои худ асрори онҳоро зикр намуда, дар мамолики Аврупову Амрико мунташир сохтаанд. “Ховалинг макони чашмасорон аст, - гуфтааст як сайёҳи хориҷӣ. - Танҳо дар гирду атрофи деҳаҳои Доробию Хонақо аз 500 чашма ҳисоб кардам, - мегӯяд рассоми литвагӣ Битаутас Кросас, ки як моҳ дар Ховалинг меҳмон буд”...
Сарзамини Тоҷикистон аз сарватҳои табиӣ бой буда, бо манзараҳои беназиру мавзеъҳои таърихию фарҳангиаш дар миқёси байналмилалӣ мавқеи хоссаро соҳиб гардидааст. Имрȳзҳо аз тамоми кунҷу канори дунё барои омȳзиш, саёҳат, зиёрат, табобат ва тамошои қалъаю кӯлҳо, ҷойҳои муқаддас меоянд. Бояд қайд кард, ки асоси мавзеъҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва ҷойҳои муқаддас ин ҳодисаҳои таърихӣ ва ривояту қиссаҳои марбут ба он мебошанд...