Малико, ҷашни Меҳргон омад!
Чоп шуд: 08/10/2020Ҷашни Меҳргон дар қатори Наврӯзу Сада ва Тиргон аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рӯзи 16-уми моҳи меҳр, ки он рӯзро низ меҳр меномиданд, баргузор мегардад, ки мутобиқ ба 8-уми октябри тақвими григорианӣ мебошад. Яъне дар солшумории ниёкони мо ҳар рӯз номи махсусе дошт, ки 12-тои онҳо бо номи моҳҳо айнан як хел буданд ва ҳар вақте ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ меомаданд, аз тарафи мардум ҷашн гирифта мешуд.
Забон – рукни асосии худшиносии миллӣ
Чоп шуд: 05/10/2020Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба рӯзи забон мизи мудаввар дар мавзӯи «Забон–рукни асосии худшиносии миллӣ» баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро директори пажӯҳишгоҳ номзади илмҳои филологӣ, Дилшод Раҳимӣ оғоз намуда, ҳамагонро ба муносибати рӯзи забон табрик гуфт. Номбурд зимни суханрониаш зикр кард, ки забон ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ, шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллатҳоро пеш аз ҳама ба воситаи он мешиносанд.
Бурак
Чоп шуд: 21/09/2020Чи тавре, ки дар сарчашмаҳо омадааст мардуми тоҷик фарҳанги бою ғанӣ дорад. Тўли асрҳо бисёр ҷанбаҳои фарҳангӣ зери таъсири урфу одатҳои дигар қавмҳо ранги дигар гирифтаанд. Аммо тибқи мушоҳидаҳои ноҳияҳои дурдасти кишвар урфу одатҳо камтар зери таъсир мондаанд. Дар муқоиса бо дигар бахшҳои фарҳанг таомҳои миллӣ ва маҳаллӣ қариб ки шаклашонро иваз накардаанд
ПОСИ ХОТИРА
Чоп шуд: 11/09/2020Тибқи супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чопи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров оғоз шуд
Чоп шуд: 08/09/2020Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 чопи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз тарафи чопхонаи «Нашриёти муосир» оғоз шуда, нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон тақсимоташ ба шаҳру ноҳияҳо шурӯъ мегардад.
Нашри китоби «Тоҷикон» ва дастрас кардани он ба ҳар як оилаи кишвар боз як иқдоми
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Чоп шуд: 08/09/2020Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди рӯйдоди бузурги таърихи навини кишварамон, яъне Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як сокини мамлакат рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям. Бисту нӯҳ сол муқаддам мардуми мо ба истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд ва ба эъмори давлати миллии худ шурӯъ карданд.
Рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол
Чоп шуд: 02/09/2020Баргузории тренинги маҷозӣ оид ба фарҳанги ғайримоддӣ
Чоп шуд: 28/08/2020Аз 24 то 28 августи соли 2020 тавассути Интернет семинар-тренинги минтақавии маҷозӣ барои коршиносони Осиёи Марказӣ баргузор гашт. Дар он, асосан, мутахассисони мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қирѓғизистон ва Қазоқистон) даъват шуда буданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар – Дилшод Раҳимӣ, директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот,
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 22
- 23
- 24
- 25
- 26
- 27
- 28
- 29
- 30
- …
- следующая ›
- последняя »