ГУЛОБКАШӢ чӣ ҳунарест?
Чоп шуд: 23/10/2018Тарзи дигари гулобкашӣ чунин аст: косаи сафол ва косаи чиниро бо барги гул пур мекунанд. Болои онро бо сарпӯше, ки дар он найчаи найӣ халонда шудааст, мепушонанд. Дегро бо об пур мекунанд ва косаро ба рӯйи об мегузоранд. Ба нӯги найча боз як найчаи дигарро ба тарзи уфуқии хобида васл мекунанд, нӯги найчаи сеюмро ба самти поин хам карда пайванд менамоянд ва нӯги онро ба даруни шишае мемонанд, ки дар он буғи гулоб ҷамъ мешавад. Ба ҷои найчаи найӣ баъзеҳо аз найчаи мисӣ истифода менамоянд.
Нигоҳе ба таомҳои суннатии минтақаи Кўлоб
Чоп шуд: 18/10/2018Дар бовару этиқоди мардуми кўҳистон чунин роиҷ аст, ки дар хонадоне, ки ягон нафарашон ба бемории сурхча гирифтор аст, оталаи кочиро омода намуда, барои сабук шудани бемор ба ҳафт хонаи ҳамсоя тақсим менамоянд. Орзуқро бошад дар арафаи идҳои Рамазону Қурбон ба хотири хушнудии арвоҳони гузаштагон мепазанд.
Вазъи ҷуғрофӣ, иқлим ва олами ҷонварону рустаниҳо аз омилҳое мебошанд, ки дар
Нигоҳе ба суннати соқиномасароӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ
Чоп шуд: 15/10/2018Адабиёти ҳар миллат ганҷинаест, ки аз махзани илҳоми шахсиятҳои боистеъдоди он берун омада, дар таҳрику рушди андешаву эҳсосоти онон хидмати бузург менамояд. Дар ин қаламрав ормону иродаи миллат ба воситаи офаринишҳои шоир ё нависанда дар сурати назм ё наср ба тарзи вежаву қоидаҳои махсус мухталиф баён мегардад. Аз ин лиҳоз бо такя ба назари Мартин Ҳайдеггер, ки «забон хонаи ҳастист», метавон афзуд, ки адабиёт низ маскани ҳастии миллат аст, зеро дар густураи он ормону орзуву андешаи
Мухтасар дар бораи Фалак
Чоп шуд: 11/10/2018Фалак» дар давраи соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон мақоми наву шоистаи худро пайдо кард. Барои ҳифзи падидаи маънавии меросӣ бо фармони Президенти Тоҷикистон аз соли 2007 иди Рўзи «Фалак» таҷлил гардид. Дар назди Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик ансамбли давлатии «Фалак» таъсис ёфт. Дар ин давра «Фалак» аз сатҳи мактаби авлодӣ берун омад. Ҳоло «Фалак»–ро дар мактабу коллеҷу консерватория ҳамчун яке аз падидаҳои муҳими фарҳанги тоҷикон аз рўи усули устод–шогирд меомўзанд.
Ҳунарҳои мардумӣ: МУҲРА
Чоп шуд: 10/10/2018Занони тоҷик маъмулан якчанд муҳраро ба гардан меовехтанд. Муҳра кутоҳтарин наздик ба гардан ва муҳраҳои дигар мофиқи дарозӣ пайдарҳам овехта мешуданд. Дар байни занони тоҷик ба гардан овехтани муҳраи якқатора ва бисёрқатораи (то 8 қатор) гуногуншакл маъмул буд,ки аз шабаҳои якранг ё гуногунранг тайёр карда мешуданд.
Муҳраи гардан, яке аз маъмултарин ороишоти занонаи тоҷик аст, ки ба гардан
Ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Масчоҳи нав
Чоп шуд: 05/10/2018Маросими хостгорӣ дар ноҳияи Масчоҳ нисбат ба дигар минтақаҳо каме тафовут дорад. Аз рўи гуфтаҳои мардуми Масчоҳ, дар ин ҷо се-чор маротиба, яъне то розӣ шудани соҳибони духтар сурат мегирад. Рафти хостгорӣ албатта дар ҳар гўшаи кишвар бо расму оин, бовару эътиқодҳои худ гузаронида мешавад. Ҳангоми суҳбат ва он маълумоте, ки муҳаққиқ М.Шарипова додааст, маълум гардид, ки дар ин минтақа бегоҳи панҷшанбе муборак мебошад ва аксаран дар ин бегоҳ ба хостгорӣ мераванд.
Мавқеи зооморфизм дар афсонаҳои сеҳромези тоҷикӣ
Чоп шуд: 03/10/2018Зооморфизм як навъи тасаввуроти асотирӣ буда, дар замонҳои қадим дар иртибот бо ақидаҳои ҷодуӣ ва тотемистӣ эҷод шудааст. Истилоҳи “зооморфизм” ба маънои табдил ёфтани одамон ба шакли парандагону хазандагон ва дигар ҷонварони аҳлию ваҳшӣ ва дар сурати ҳайвонот зиндагӣ кардани махлуқони табдилшуда мебошад.
Дар афсонаҳои тоҷикӣ табдилшавии персонажҳо ба сурати ҷонварон бо
Садои дилнавози дойра
Чоп шуд: 01/10/2018Овози дойра вобаста ба андозаи чанбар ду навъ: паст – «Бам» ва баланд – «зер» мешавад. Дойра аз ҷиҳати тембр, зарб ва имконияти садобарори сози гуногуншакл мебошад. Дар вақти навохтани дойра ҳар ду даст ва ҳамаи ангуштон кор мекунанд. Усулҳои дойра аз ду овози якҳиҷоии «бум» ва «бак» дар заминаи таносуби квартавии пасту баландшаванда (ноустувор) ба вуҷуд меоянд «Бум»- и паст қариб дар маркази парда бо зарби кафи дасту панҷаҳо ва «бак» – и баланд аз канори дойра бо зарби нӯги ангуштон ҳосил мешавад.
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 50
- 51
- 52
- 53
- 54
- 55
- 56
- 57
- 58
- …
- следующая ›
- последняя »