Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мардуми Машриқзамин ва бахусус тоҷикон, ки аз қадимтарин миллиятҳои рӯи оламанд, дар имтидоди таърихи тӯлонии умри башарӣ бо тафаккур ва ақлу заковати тавоно ва истеъдоди баландпояву маънавиёти равнақёфтаи худ тамаддуни фарҳангии пурғановат, рангоранг ва ибратомӯзеро ба вуҷуд овардаанд, ки ҳунари таомпазӣ аз ҷузвиёти барозидаи он аст.
Дар маросими муаррифии китоб Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин Сие Фучжан, Мудири кулли маҷмааи нашриёти “Ренмин” ва таърихнигори шинохтаи чинӣ оид ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин, таҳкими дӯстии халқҳои ду кишвар ва нақши китоби таърихии “Тоҷикон дар оинаи таърих” андешаҳои ҷолиб баён карданд.
Мусаллам аст, ки яке аз минбарҳои муҳими тарғиботӣ дар радифи воситаҳои ахбори омма, садову симо, рӯзномаву маҷаллаҳо, марказҳои иттилоотӣ – муассисаҳои фарҳангӣ, хусусан китобхонаҳо шинохта шудаанд. Аз замони пайдоиши нахустин китобхонаҳо инсоният барои хеш сарчашмаи такондиҳандаи ақлу маънавиётро ба даст овард. Аз боигариҳои зеҳние, ки гирдоварӣ, коркард ва ҳифзу нигоҳдорӣ мегардид, барои рушди оянда мақсаднок истифода менамуд. Ҳамчунин, китобдорон шахсияти шинохтаи замон буданду китобдорӣ касби пурифтихор ҳисобида мешуд.
Бовару эътиқод, одобу русум ва як қатор донишҳои суннатии мардум ба чорчўбаи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик шомил мешаванд, ки дар замонҳои қадим вобаста ба зарурату ниёзи мардум арзи вуҷуд карда, бо иҷрои вазоифи иҷтимоии худ то ба имрўз омада расидаанд. Боварҳо бозгўйкунандаи муносибати инсон бо табиат, бо олами ҷонварону гиёҳон, бо кайҳону ҷирмҳои осмонӣ мебошанд. Аз ҷониби дигар, аҳамияти ахлоқию тарбиявӣ ва хусусияти таскинбахшии ақидаву боварҳо сабаби идомати онҳо дар тўли таърих гаштаанд.
Шоми 22 апрели соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими пўшидашавии Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «ПАРАСТУ – 2019» бо тантана ва шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён иштирокчиён ва меҳмонони ҷашнвораро бо анҷоми он табрик гуфт: «Ин ҳамоиши бошукўҳ бори дигар собит сохт, ки санъати театрии тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ вобаста ба пешрафти ҷомеа ба комёбиҳои назаррас ноил гашт».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Амфитеатри Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ифтитоҳи театри тобистонаи Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт рост омода, туҳфаи арзишманди роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад.
Ҳанӯз аз ибтидои солҳои сиюм сар карда, киносозони тоҷик ба асарҳои устод Садриддин Айнӣ рӯ оварданд ва нахуст ба романи «Дохунда» таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар ин бобат сенаристони рус А. Олшанский, Н. Достал ва И. Прут аз рӯйи ин роман сенарияҳо эҷод карданд ва борҳо барои маслиҳат бо муаллифи роман вохӯрдаанд. Аммо бо ҳар баҳона таҳияи сенарияи «Дохунда» аз як сол ба соли дигар мемонд.
Заргарӣ яке аз санъатҳои қадимаи ороишию амалии тоҷикон ба шумор меравад. Аз бозёфтҳои бостоншиносон маълум мешавад, ки аввалин намунаҳои маснуоти заргарӣ ба давраи неолит (асри биринҷӣ) тааллуқ доранд. Ба санъати заргарии давраи тоисломӣ оро додани маснуоти заргарӣ бо тасвири ҳайвонот, одамон ва ҷонварони тахайюлӣ хос буд. Дар давраи исломӣ тарзи ороиши маснуоти заргарӣ рушд ёфта, зарагарон ва ороишгарон бештар аз нақшҳои ислимӣ – гулу растанӣ, шаклҳои ҳандасӣ ва матнҳои хатти арабӣ истифода мекунанд.