Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз замонҳои қадим тоҷикон дар оро додани хона ё ҷойгоҳи асосӣ услуби хоси худро доштанд. Дар он давра ҳунару санъатҳои зиёде рушд карда буданд: кулолгарӣ – яъне сохтани табақ, кӯза ва зарфҳои гилин, заргарӣ – сохтани ҷавоҳирот аз тилло ва нуқра, кандакорӣ – нақш дар чӯб ва санг бо ороиши зебо, гулдӯзӣ – дӯхтани гулҳои зебо дар матоъ ва ғайраҳо. Яке аз ҳамин гуна ҳунарҳои машҳуру зебо санъати кундал буд, ки то имрӯз ҳам арзиши худро аз даст надодааст, ки онро наққошии кундалкорӣ низ меноманд...
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳои иҷтимоӣ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки соҳаи фарҳанг аз ин пешравӣ дар канор намондааст. Чунки фарҳанг дар шинохт ва муаррифии миллату давлат маҳаки асосӣ ба ҳисоб меравад...
Бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рӯ ба инкишоф оварданд, ки фарҳанг инҷо истисно нест. Имрӯз фарҳанги миллӣ дар контексти илмҳои гуногун рушду нумӯ карда истодааст, ки аз сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати кишвар ғамхории Сарвари он шаҳодат медиҳад...
Миллати тоҷик дар дарозои таърих соҳибкитоб буда, бузургони он ба таъсиси китобхонаҳои хусусӣ камари ҳиммат барбастаанд. Насируддини Тӯсӣ дар шаҳри Мароға расадхонаеро соҳиб буд, ки он дорои беш аз 40 ҳазор китоб буд. Муҳаммад ибни Муслим яке аз аввалин шахсиятҳоест, ки китобхонаи шахсӣ бунёд намудааст. Таърих ёд мекунад, ки муаррихи машҳури замон ал-Воқидӣ пас аз марг 600 сандуқи пур аз китобро боқӣ гузошт,..
Агар ба рушд ва тараққии китобхонаҳои шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ва фаъолияти онҳо назар афканем, мавҷудияти онҳо, сарфи назар дар кадом шароит қарор доштан ва хизматрасонияшон ба қадри имкон барои аҳолӣ, худ фоли нек ва нишондиҳандаи таъсири онҳо мебошад. Дар ин шаҳр айни замон 29 китобхона бо фонди умумии 155204 нусха китоб фаъоляит дошда, ба қадри имкон бо сокинони илмдӯсту фарҳангпарвар робита барқарор мекунанд...
Имрӯз Шайдон – маркази ноҳияи Ашт ба як шаҳраки зебову замонавӣ табдил ёфтааст. Дар ин ҷо Маҳмудҷон Воҳидов - ҳунарпешаи барҷастаи театру кинои Тоҷикистон, коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1973), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (1973), асосгузори театри як актёр дар Тоҷикистон 10 октябри 1939 дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст...
Ноҳияи Ашт дар қисмати шимолии Тоҷикистон воқеъ гардида, дар қаламрави он осори зиёди бостоншиносӣ ёфт шудаанд, ки аз зиндагии аҳолии қадимии деҳоти доманакуҳҳои Қурама шаҳодат медиҳанд. Масалан, дар ин ҷо маҷмааи сангнигораҳои Ашт ҷойгир аст, ки таърихи он ба асрҳои III-II то милод, VI-VIII милодӣ рост меояд. Ин нигораҳо дар сангҳои рӯи сари гӯрҳо ва мавзеъҳои иқомат нишондиҳандаи расму ойинҳо ва анъанаҳои фарҳангии...
Ҳамасола 5-уми октябр дар ҷумҳурии азизамонон – Тоҷикистон, Рӯзи забони давлатӣ ҳамчун забони давлати соҳибистиқлоламон бо ифтихору сарбаландӣ, таҷлил мегардад, ки он бузургтарин рӯйдоди даврони Истиқлолият ва давраи эҳёи забони тоҷикист. Маҳз тавассути забон халқи тоҷик асолати хешро ҳифз намудааст...

