МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА ҲУНАРИ ЧАКАНДӮЗИИ МАРДУМИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН (дар мисоли чакандӯзи бомаҳорат Мирзоева Нигорбӣ)

Ҳар як халқу миллат дорои тамаддун, урфу одат ва фарҳанги либоспушии хоси худ мебошад. Либосҳои миллии  тоҷикон дар асл   чакан, атлас, адрас, гулбаст, ҳали, карбос ва ғайраро дар бар мегиранд, ки муаррификунандаи фарҳанги миллии мардуми тоҷик дар арсаи  байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Яке аз либосҳои қадимии тоҷикон чакан аст, ки имрӯз ҳамчун намунаи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар қатори дигар арзишҳои фарҳангӣ ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт гардидааст...

барчасп: 

“НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ФАРҲАНГ”

Таҳти ҳамин унвон санаи 11-уми декабри соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”-и Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур меҳмонон аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ходимони илмии ПИТФИ иштирок доштанд...

барчасп: 

АФСОНАИ ЯТИМДУХТАР ВА ПАЙДОИШИ УМОЧ

Умоч яке аз навъҳои хӯроки муқаддаси маросими бибиён мебошад. Ба қавли баъзе занҳои куҳансол, умоч аз холаи Баҳовиддини Балогардони Нақшбанд (пири суфраи бибиҳо) Бибисешанбе, суфраи бибиҳо омадааст. Мартабаи ин хӯрок нисбати дигар навъи хӯрокҳои маҳаллӣ баландтар мебошад. Тибқи ақидаи мардум, ҳар як шахси мушкилдошта барои раҳоӣ аз он бо ихлос умоч пухта хайр намояд, мушкилаш осон ва кораш барормегирад... 

барчасп: 

Марианна Арипова «Мой отец, Марат Арипов – лучший актёр таджикского кино»

Роль Марата Арипова в развитии таджикского кино неоспоримо велика.   Марат Арипов – один из популярных киноактёров конца ХХ- начала XXI века. Он родился в семье Народной артистки Советского Союза Тухфы Фозиловой и с детства был окружён музыкой и кино. Рождение и воспитание в семье Тухфы Фозиловой для него был как божий дар, так как он был хорошо знаком с искусством...

барчасп: 

НИГОҲЕ БА МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯҲОИ ТОҶИКОБОД ВА РАШТ

Андешаи раднопазир аст, ки тамоми соҳаҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав барқарор гардида, ҳамаҷониба рушду тараққӣ намуданд, ки ин ҳама бегумон ба сиёсати фарогири Пешвои миллат алоқаманд мебошанд. Аз ҷумла сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соҳаи фарҳанги кишвар тамоман тағйир ёфта, инфрасохтори он дар саросари Мамлакат ба тараққиёти назаррас ноил гардид...

барчасп: 

Театри Конибодом-яке аз аввалинҳост

"Театри давлатии мусиқӣ-драмавии” ба номи Тўҳфа Фозилова-и шаҳри Конибодом, яке аз муассисаҳои кўҳантарини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.Театр соли 1932 аз ҷониби Комил Ёрматов таъсис ёфта, дар рушду нумӯи санъати театрии тоҷик саҳми босазо гузоштааст. Нахустин ҳунармандони ин театр Тӯҳфа Фозилова, Лутфӣ Зоҳидова, Комил Ёрматов қадамҳои нахустини худашонро маҳз  дар ҳамин боргоҳи ҳунар оғоз намуда...

барчасп: 

Омӯзгор ва олими муваффақ

Меҳри  беандозаи  санъати  мусиқӣ  ҳанӯз  аз овони  кӯдакӣ  дар  дилу вуҷуди   Муроди  хурдсол  маъво  гирифта, садоқату  бурдборӣ  ва  меҳри  беандоза  нисбати ин падида  ӯро  пас  аз  хатми  мактаби  миёнаи № 6  ба  омӯзишгоҳи  мусиқии  ба  номи  Содирхон  Ҳофизи  шаҳри  Хуҷанд  овард. Дар ин  боргоҳи  ҳунар  нозукиҳои  навозиши  сози  танбӯрро  бо муваффақият  омӯхта пас  аз  хатми  омӯзишгоҳ  барои  идома додани  таҳсил... 

барчасп: 

Сохиб Нозимов – звезда, которая угасла слишком рано

Сохиб – родился в Душанбе в семье известного певца, неповторимого Зафара Нозимова. Как в последствии утверждал сам Сохиб, «возможно гены, возможно сильное уважение к отцу, а может и то, и то, определили мою судьбу». Ещё в раннем возрасте проявились незаурядные музыкальные способности, и для его мамы не было никакого сомнения, только – музыкальная школа...

барчасп: 

Страницы