Донишу таҷрибаҳои кабкпарварӣ ва кабкбозӣ

Кабк яке аз зеботарин парандаҳои табиати Тоҷикистон  ба ҳисоб рафта, дар зиракию ҳушёрӣ нисбат ба дигар мурғони хушхон бартарӣ дорад. Дар бораи парвариш ва шикори кабк дар байни мардум донишу таҷрибаҳои зиёд мавҷуд аст. Ҳатто бовару эътиқод, ривоятҳои гуногуни фолклорӣ, инчунин расму одатҳои аҷибе нисбат ба кабк миёни мардуми тоҷик роиҷ мебошанд. Қобили зикр аст, ки кабк зебогии табиатро бо овози хушу дилнишинаш боз ҳам зеботар мегардонад. Садои форами кабкро бисёриҳо хуш доранд. 

барчасп: 

УМОЧ: аз ривоят то воқеъият

Умоч як навъ таоми маъмулӣ буда, таърихи хело қадима дорад. Умоч бештар миёни мардум ҳангоми бемориҳои зуком, сурхча ҳамчун таоми парҳезӣ пухта мешавад. Онро барои занони навтаваллудкарда ҳангоми таваллуди фарзанд ва дар баъзе маҳалҳо дар маросими мушкилкушо низ мепазанд.

барчасп: 

Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2019 тасдиқ шуд

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид. Он аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.

барчасп: 

Маҳорати рассомии Ҷонибек Асозода

Соли 1997 дар бинои Қасри фарҳанги шаҳри Кўлоб бо ризояти мудири шуъбаи фарҳанг осорхонаи ҳунармандонро ташкил дод, ки махсус ба ҳунармандон бахшида шудааст. Ҷонибек Асозода дар ин даргоҳ тўли панҷ сол бе музди маош кору фаъолият намуд ва баъди панҷ сол дар назди шуъбаи фарҳанг воҳидҳои корӣ ҷудо шуд. Дар ҷумҳурӣ ин ягона осорхонае  мебошад, ки махсус ба ҳунармандон бахшида шудааст. Дар  осорхонаи мазкур  ҳамаи асарҳои эҷод намуда, ки зиёда аз 426 нигораро дар бар мегирад, маҳсули дасти худи ҳунарманд  мебошад, ки ба маъраз гузошта шудааст.

барчасп: 

Рағза чист?

Рағза матои дурушти пашминест, ки риштаи он аз пашми гўсфанд тайёр мешавад. Ҳунари рағзабофӣ асосан дар байни тоҷикони кўҳистон ва қисми водиҳо, ки ба парвариши гўсфандон шуғл доранд, аз замонҳои қадим маъмул буд. Рағзабофӣ кори занҳо буда, одатан онҳо дар фасли зимистон ришта ресида, аз он дар дукон матои рағза мебофтанд. Нахуст пашми гўсфандҳоро тарошида, аз он тавассути дук (дар баъзе ҷойҳо онро «орчуқ» ё «урчуқ» меноманд) ё чалак риштаи пашмин мересиданд. Риштаҳои омодашударо ба дукони рағзабофӣ васл карда, ба бофтани рағза шурўъ менамуданд.

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: ДЎҒКАШӢ

Дўғкашӣ раванди ҷудо кардани равғани маска аз ҷурғот мебошад, ки онро дар минтақаҳои Тоҷикистон инчунин маскакашӣ, гуппизанӣ, куппизанӣ  меноманд. Дар истеҳсоли суннатии равғани маска дастгоҳҳои гуппӣ (куппӣ) ва чархдегу чархчўб истифода мешаванд.

барчасп: 

“Фурӯғи субҳи доноӣ...”

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  интишор ёфт, ки тибқи он аз моҳи январ то моҳи декабр дар ҷумҳурӣ озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..." дар чор давра баргузор мешавад. Дар он хонандагону донишҷӯён ва магистрону аспирантҳову докторантҳо иштирок карда метавонанд. Номгӯи асарҳои даҳҳо шоиру нависандагон пешниҳод мешавад. Ба ғолибони давраи чорум аз ҷониби президент тӯҳфа ва мукофотпулӣ дода мешавад.

Аз ҳунарҳои мардумӣ: КОРДСОЗӢ

Раванди сохтани корд чунин аст: тахтапўлодро дар оташи кўра сурх карда, ба болға кўфта ба шакли теғ медароранд. Ҳамин тавр  пўлодро 3-4 бор дар оташ сурх намуда бо болға кўфта, дар об меандозанд, ки ин амалро «обутобдиҳӣ» меноманд. Тавассути обутобдиҳӣ зичии пўлод сахт мешавад. Теғи ҳосилшударо нахуст дар чархи сангаш дағал, сипас дар санги маҳинтар, баъдан дар санги резинӣ (чармӣ) ва намадӣ (мўйина) дошта тунуктару ҳамвор мекунанд.

барчасп: 

Страницы