Муҳаққиқи варзидаи синамои кишвар
Чоп шуд: 29/03/2019Ато Аҳроровро барҳақ метавон аз чеҳраҳое муаррифӣ кард, ки умре синамои тоҷикро нақд кардааст ва дар ҳамин ришта китобу мақолаҳо навиштааст. Мутаваллиди Самарқанди бостон аст. Номзади илми санъатшиносӣ 1967, аълочии кинематографияи ИҶШС 1979 мебошад. Дар Энсиклопедияи миллии тоҷик дар бораи ӯ мехонем:
Тунукасозӣ низ аз ҷумлаи ҳунарҳои мардумист
Чоп шуд: 29/03/2019Ҳунари тунукасозӣ дар ороиши деворҳо, бомпўш, нигасаи хона ва дигар қисмҳои бино ба кор бурда мешавад. Устоҳои тунукасоз дар иҷрои корҳои истеҳсолӣ аз асбобу олоти хосси ин ҳунар: миқрози тунукабурӣ, анбўр, сандон ва хоиск, гиро, кордҳои махсус, исканаву сумба ва чанде дигар истифода мекунанд. Дар пайванд кардани тунукапораҳо устоҳо аз усулҳои қаткунӣ, кафшери махсус ва баъзан ширешҳо истифода мебаранд.
Сухане чанд аз Тўрахон Аҳмадхонов
Чоп шуд: 28/03/2019Мухтор Ашрафӣ: чеҳраи мондагоре, ки тоҷикиву ӯзбекӣ эҷод кардааст
Чоп шуд: 27/03/2019Мухтор Ашрафӣ як чеҳраи барҷастаи фарҳангу маданият дар Тоҷикистон ва Узбекистон буд. Дар 63 соли умраш аз худ мероси гаронбаҳо боқӣ гузошт ва оҳангҳои эҷодкардаи вай имрӯз ҳам иҷро мешаванд ва таъсир доранд. Асарҳои калонҳаҷми ӯ, бахусус операҳое, ки бо ду забон дар Душанбе ва Тошканд эҷод кардааст, ганҷинаи бебаҳои фарҳанги миллатанд.
Ёдгориҳои бостонии Вахш: АҶИНАТЕППА
Чоп шуд: 27/03/2019Номи асосии ин ёдгор аслан Аҷинатеппа нест ва ин унвон солҳои 40 ум асри ХХ дар натиҷаи боронҳо як ҷои тепа фурў рафта, сўрохе ба вуҷуд омадааст ва нафаре аз маҳалиён вориди сўрох шуда, бути якпаҳлу хобрафтаеро мебинад ва тарсон берун омада, дидаашро ба мардум нақл мекунад. Минбаъд маҳалиён онро макони ҷинҳо (махлуқи бадшаклу бадкирдори афсонавӣ) пиндошта Аҷинатеппаро номгузорӣ кардаанд. Ваҷҳи тасмияаш аз аҷина аст.
Барқияҳои табрикӣ аз номи сарони кишварҳо ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ
Чоп шуд: 27/03/2019Аз оғози Наврӯз ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ меоянду меоянд. Иддае аз ин тарикоти самимиро истинодан ба сомонаи Президенти Тоҷикистон меорем:
МАҲОРАТИ СУМАНАКПАЗИИ ЯК БОНУИ ҲУНАР
Чоп шуд: 19/03/2019Ҳангоми экспедитсияҳои мардумшиносӣ маълум гардид, ки дар худи соли 2018 тўли як моҳ дар арафаи ҷашни Наврўз Ҳайдарова Ойдил 22 маротиба деги суманак мондааст. Албатта, ў ҳам барои мардуми маҳалла ва ҳам барои корхонаву сохторҳои гуногун намудҳои гуногуни суманакро омода кардааст. Чи тавре ки аз мушоҳидаҳо бар меояд, тамоми умри ин бонуи ҳунарманд сарфи ҳамин кор ва ба хизмати мардуми Бохтар ва деҳотҳои он гузаштааст.
Мавқеи бозиҳои варзишии суннатӣ дар баргузории Наврўзи Данғара
Чоп шуд: 18/03/2019Хушбахтона, дар солҳои охир миёни деҳаҳо барои Ҷоми Наврўз мусобиқаҳои гўштингирӣ, воллейболбозӣ, футбол ва бозиҳои дигар хело фаъол гардидааст, ки ин нишонаи сулҳу субот, дўстию рафоқат ва эҳтироми зиёд нисбати ҳамдигар мебошад. Умуман, дар ноҳияи Данғра бахшида ба ҷашни Наврўз бозиҳои зиёде гузаронида мешавад ва он ҳама баҳри болидарўҳ гардонидани кўдакону наврасон, бозиҳо барои якдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат, дўстию рафоқат, хушҳолӣ ва аз дилҳо бурун кардани кибру ғурур ва пеш аз ҳама хотирмону шавқовар гузаронидани иди Наврўз доир карда мешавад.
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 49
- 50
- 51
- 52
- 53
- 54
- 55
- 56
- 57
- …
- следующая ›
- последняя »