Аз ман умри дубора хоҳад монд...
Чоп шуд: 23/05/2016«Аз нимаи солҳои шастум адабиёти моро ҷустуҷӯҳои нави эстетикӣ, рӯҳияи худогоҳӣ, талқини ҳофизаи таърихии халқ, хусусан арзишҳои маънавӣ сар то по фаро гирифт. Ба адабиёт рӯҳи нав дамид. Дар ин миён лозим медонам хизматҳои пурарзиши шодравон Лоиқ Шералиро дар талқини шуҷоати адабӣ, рӯҳи миллӣ ва ватандорӣ, ситоиши модар ва забони модарӣ, эҳёи бисёр суннатҳои шеъри оламгири мо бо сипосу эҳтироми хоса ёдовар шавам».
Эмомалӣ Раҳмон
Жанри симосоз
Чоп шуд: 19/05/2016Жанр қолаби устувору ноҷунбон ва поянда надорад, балки ҳамеша дар таҳаввул аст. Махсусан, дар олами наср дар давраҳои гуногун таҳаввулу таназзули жанрӣ ба назар мерасад.
Насри мустанад вобаста ба муҳит ва фазои фарогири замонҳо ҳамин хусусиятро дорад.
Очерк дар олами насри мустанад садсолаҳо боз мавқеъталаб аст. Замона ва замонасозиҳо ҳамеша дар рушди ин таҳрик бахшидаву мебахшанд. Дар тавсифи очерк ҳукму андешаҳои зиёде вуҷуд доранд. Дар баробари се навъи газетавии очерк даҳҳо
Китоби Пешвои миллат дар Кувайт муаррифӣ шуд
Чоп шуд: 16/05/2016Дар ҷараёни суҳбати Асосгузори сулҳ ва вҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Кувайт ҷилди чоруми китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” бо забони арабӣ муаррифӣ шуд.
Гуфтанист, ки китоби мазкур зери назари арабшинос Нарзулло Назаров ва тарҷумаи арабии Акрам Каримов дар нашрияи “Матобеъ ал – Аҳром”-и Қоҳира чоп шудааст.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, Ҳусейн Ансорӣ, ректори Донишгоҳи Кувайт ва
Ислоҳи маориф дар «Бухорои шариф»
Чоп шуд: 14/05/2016Ҳар гоҳ, ки аз мавқеи васоити ахбор дар ҷомеа сухан ронданӣ мешавем, бегумон пеши назарамон матбуоти даврӣ ҷилвагар мешавад. Ин ҳолат танҳо ифодагари он нест, ки матбуот воситаи классикии ахбори оммавӣ буда, дар ташаккули афкори иҷтимоии давру замон саҳмгузор аст, балки ин восита чун пири солдидаву таҷрибаомўхта дар баробари қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии мардум, дар тарбияи ғоявию сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва фарҳангиву эстетики ҷомеа нақши бориз доштаву дорад. Чои шубҳа нест, ки маҳз бо шарофати матбуот мо дарси одаму одамгарӣ, худогоҳиву худшиносӣ,
Ҳулбак пойтахти антиқаи Ҳуттал
Чоп шуд: 11/05/2016Тақрибан 11 километр болотар аз қасри Ҳулбук (деҳаи Қурбоншаҳид) дар самти шимолӣ, дар соҳили рости дарёи Сурхоб, деҳаи замонавии Ҳулбак ҷойгир шудааст. Хотирот дар бораи ин деҳа дар қайдҳои ҷолиби муҳаққиқони таъриху фарҳанги Тоҷикистон А.П. Колпаков, А.Е.Маҷӣ ва F.Fоибов оварда шудааст. Онҳо аз байни бисёр ёдгориҳои бостонии минтақаи мазкур, маҳз ба шаҳраки воқеъ дар деҳаи Ҳулбак бештар ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Зеро ки шаҳраки мазкур дар ибтидо дорои релефи хеле возеҳу равшан бо боқимондаҳои иморатҳои муҳташам ва хатҳои обёрӣ будааст, ки
Мақоми Ҳамадонӣ дар густариши илму фарҳанги Хатлонзамин
Чоп шуд: 08/05/2016Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз бузургтарин орифони асри XIV Машриқзамин буда, осори ў дар ҳаёти маънавии халқҳои Осиё ва Шарқи Наздик, бавижа Ҳинду Покистон дар мураввиҷи ислом ва иршоди фарҳанг то имрўз мақоми арзандае дорад. Мир Сайид Алии Ҳамадониро чун орифи тавоно, шоири баркамол, инсонпарвари беҳамто, чун олим ва файласуфи дақиқназару хирадманди беназир на танҳо дар мамолики Осиё ва Шарқи Наздик шинохтаанд, балки мардуми шарифи Тоҷикистон, бавижа хиттаи Хатлон мавсуфро чун пири раҳнамо эътироф кардаанд.
Чеҳраофаринӣ дар матбуоти даврии маҳаллӣ (дар мисоли “Нури Нуробод”)
Чоп шуд: 04/05/2016Нақши нашрияҳои музофотӣ дар пешрафти ҳаёти фарҳангиву иҷтимоӣ ва адабиву илмӣ ҳамеша чашмрас боқӣ мемонад. Ин фикри хулосасозро ба сифати муқаддима ба он ваҷҳ иброз медорем, ки ҳанӯз аз оғози солҳои сиюми асри гузашта, ин вазифаву рисолат ба таври мушаххас барои нашрияҳои маҳаллӣ маълум гашта буд. Ҷои пушида нест, ки дар замони шӯравӣ нашрияҳои маҳаллӣ ҳамчун як унсури муҳими таблиғу ташвиқ мақоми баландро соҳиб буданд. Албатта, нашрияҳои миллӣ дар ҳама давру замон аз лиҳози таъинот, иқтидор ва маҳбубият болотар аз соири матбуоти дигари
Арзишҳои фарҳанги миллиро чӣ гуна бояд таблиғ кард?
Чоп шуд: 04/05/2016Роҷеъ ба истилоҳи фарҳанг шарҳу тафсир ва навиштаву асарҳои бешуморе вуҷуд доранд, ки рисолати онро аз равзанаҳои мухталиф шарҳ медиҳанд. Ин истилоҳро дар доираи як ифодаи маҳдуд баён кардан мушкил аст. Дар китоби «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ин истилоҳ чунин шарҳ ёфтааст: «Маҷмӯи дастовардҳои инсоният дар соҳаи муносибатҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ ва ахлоқӣ; маданият…» [2, C.406]. Дар ин пажӯҳиш ин маънӣ муайянкунандаи самти андешаи мо қарор гирифтааст.
Шарҳи мазкур маҷмӯи талошу ҷустуҷӯҳои инсониятро дар партави калимаи фарҳанг
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 95
- 96
- 97
- 98
- 99
- 100
- 101
- 102
- 103
- …
- следующая ›
- последняя »