Китобу китобхона дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Чоп шуд: 08/05/2019Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Чоп шуд: 06/05/2019Ташвиқ ва таблиғи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Суғд ва Хатлон
Чоп шуд: 02/05/2019Бо мақсади ҳифз ва гиромидошти мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар олимони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот рўзҳои 16-18 апрели 2019 дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхўҷа Асирии шаҳри Хўҷанд ва рўзҳои 20-22 апрели соли равон дар Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Бохтар семинари омўзишӣ баргузор намуданд, ки дар он намояндагони шуъбаҳои фарҳанг ва осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Хатлон ширкат доштанд. Семинар-тренинги мазкур дар доираи лоиҳаи ҳамкориҳои ПИТФИ бо Маркази байналмилалии иттилоотию шабакавии мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором (ICHCAP) оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ва мавзўъҳои марбут ба он созмон ёфтаанд.
Меҳмонпазироӣ ва ойини дасторхондорӣ (фарҳанги хонсолорӣ)
Чоп шуд: 01/05/2019Мардуми Машриқзамин ва бахусус тоҷикон, ки аз қадимтарин миллиятҳои рӯи оламанд, дар имтидоди таърихи тӯлонии умри башарӣ бо тафаккур ва ақлу заковати тавоно ва истеъдоди баландпояву маънавиёти равнақёфтаи худ тамаддуни фарҳангии пурғановат, рангоранг ва ибратомӯзеро ба вуҷуд овардаанд, ки ҳунари таомпазӣ аз ҷузвиёти барозидаи он аст.
Дар Чин китоби Пешвои миллат “Тоҷикон дар оинаи таърих” муаррифӣ шуд
Чоп шуд: 29/04/2019Дар маросими муаррифии китоб Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин Сие Фучжан, Мудири кулли маҷмааи нашриёти “Ренмин” ва таърихнигори шинохтаи чинӣ оид ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин, таҳкими дӯстии халқҳои ду кишвар ва нақши китоби таърихии “Тоҷикон дар оинаи таърих” андешаҳои ҷолиб баён карданд.
КИТОБДОРӢ: Мушкилоте, ки монеа эҷод мекунанд
Чоп шуд: 26/04/2019Мусаллам аст, ки яке аз минбарҳои муҳими тарғиботӣ дар радифи воситаҳои ахбори омма, садову симо, рӯзномаву маҷаллаҳо, марказҳои иттилоотӣ – муассисаҳои фарҳангӣ, хусусан китобхонаҳо шинохта шудаанд. Аз замони пайдоиши нахустин китобхонаҳо инсоният барои хеш сарчашмаи такондиҳандаи ақлу маънавиётро ба даст овард. Аз боигариҳои зеҳние, ки гирдоварӣ, коркард ва ҳифзу нигоҳдорӣ мегардид, барои рушди оянда мақсаднок истифода менамуд. Ҳамчунин, китобдорон шахсияти шинохтаи замон буданду китобдорӣ касби пурифтихор ҳисобида мешуд.
Боварҳои халқӣ ва тасаввуроти асотирии мардуми Бадахшон
Чоп шуд: 24/04/2019Бовару эътиқод, одобу русум ва як қатор донишҳои суннатии мардум ба чорчўбаи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик шомил мешаванд, ки дар замонҳои қадим вобаста ба зарурату ниёзи мардум арзи вуҷуд карда, бо иҷрои вазоифи иҷтимоии худ то ба имрўз омада расидаанд. Боварҳо бозгўйкунандаи муносибати инсон бо табиат, бо олами ҷонварону гиёҳон, бо кайҳону ҷирмҳои осмонӣ мебошанд. Аз ҷониби дигар, аҳамияти ахлоқию тарбиявӣ ва хусусияти таскинбахшии ақидаву боварҳо сабаби идомати онҳо дар тўли таърих гаштаанд.
Шоҳҷоизаи «Парасту-2019» насиби Театри Лоҳутӣ гардид
Чоп шуд: 23/04/2019Шоми 22 апрели соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими пўшидашавии Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «ПАРАСТУ – 2019» бо тантана ва шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён иштирокчиён ва меҳмонони ҷашнвораро бо анҷоми он табрик гуфт: «Ин ҳамоиши бошукўҳ бори дигар собит сохт, ки санъати театрии тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ вобаста ба пешрафти ҷомеа ба комёбиҳои назаррас ноил гашт».
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 40
- 41
- 42
- 43
- 44
- 45
- 46
- 47
- 48
- …
- следующая ›
- последняя »