Ифтитоҳи Амфетиатри Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ
Чоп шуд: 23/04/2019Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Амфитеатри Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ифтитоҳи театри тобистонаи Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт рост омода, туҳфаи арзишманди роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад.
90 СОЛИ КИНОИ ТОҶИК: Тақдири талх ва ширини «Дохунда»
Чоп шуд: 22/04/2019Ҳанӯз аз ибтидои солҳои сиюм сар карда, киносозони тоҷик ба асарҳои устод Садриддин Айнӣ рӯ оварданд ва нахуст ба романи «Дохунда» таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар ин бобат сенаристони рус А. Олшанский, Н. Достал ва И. Прут аз рӯйи ин роман сенарияҳо эҷод карданд ва борҳо барои маслиҳат бо муаллифи роман вохӯрдаанд. Аммо бо ҳар баҳона таҳияи сенарияи «Дохунда» аз як сол ба соли дигар мемонд.
Ҳунарҳои мардумӣ: ЗАРГАРӢ
Чоп шуд: 17/04/2019Заргарӣ яке аз санъатҳои қадимаи ороишию амалии тоҷикон ба шумор меравад. Аз бозёфтҳои бостоншиносон маълум мешавад, ки аввалин намунаҳои маснуоти заргарӣ ба давраи неолит (асри биринҷӣ) тааллуқ доранд. Ба санъати заргарии давраи тоисломӣ оро додани маснуоти заргарӣ бо тасвири ҳайвонот, одамон ва ҷонварони тахайюлӣ хос буд. Дар давраи исломӣ тарзи ороиши маснуоти заргарӣ рушд ёфта, зарагарон ва ороишгарон бештар аз нақшҳои ислимӣ – гулу растанӣ, шаклҳои ҳандасӣ ва матнҳои хатти арабӣ истифода мекунанд.
«ЁҚУТВОР ЛОЛА, БАР БАРГИ ЛОЛА ЖОЛА…»
Чоп шуд: 15/04/2019Ин баҳор Тоҷикистони шукуфони мо боз ҳам шукуфонтар гардид. Завқи зебоипарастӣ ва иқдоми навини Пешвои миллати мо ҷиҳати таъсиси маъракаи «Сайри гули лола» дар саросари кишвар ба ҳусни Наврӯзи Аҷам, ба ҳусни табиати шаҳру деҳоти мо, ба ҳусни фарҳанги қадимаву дилпазири тоҷикон авҷи тоза зам намуд. Ҷилои тозаи лолаҳои дилрабо бо тамоми рангҳо дар тамоми гӯшаҳои кишвар як падидаи беназир ва бесобиқаест, ки ба чашм нуру ба дил фараҳ мебахшад.
ТУҲФА БА ҶАШНИ КИНО
Чоп шуд: 13/04/2019ТАҚВИЯТИ ДОНИШУ МАЛАКАИ ХОДИМОНИ ИЛМИИ ПИТФИ ДАР Ш. ТОШКАНД
Чоп шуд: 13/04/2019Аз 8-ум то 12-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон семинар-тренинги минтақавӣ барои коршиносони Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Татбиқи самарноки Конвенсияи ЮНЕСКО (2003) оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гашт. Дар он, асосан, мутахассисони мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон) даъват шуда буданд.
Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳа дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот
Чоп шуд: 11/04/2019Зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони илмии пажўҳишгоҳ 39 кори илмӣ, пажўҳишӣ, тадқиқотӣ ва методӣ, аз ҷумла 4 китобу дастур, 24 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ дар нашрияҳои даврӣ ва 11 мақола дар сомонаи интернетӣ ба табъ расиданд. Иловатан, 30-мақола доир ба фарҳангу ҳунар, воситаҳои ахбори омма, фарҳанги ғайримоддӣ ба саҳифаи тоҷикии Донишномаи озоди электронӣ – Википедия (tg.wikipedia.org) ворид карда шуд.
Ҳунарҳои мардумӣ: ТОҚИДЎЗӢ
Чоп шуд: 10/04/2019Нақшу нигори тоқиҳо вобаста ба минтақаҳо гуногун мебошанд. Нақшҳои маъмултарини тоқиҳои ироқӣ: садбарг, лола, кабўтар, анор, баргак, ғунча, занҷирак, гули алав ва ғайра мебошанд. Нақшҳои бодому анор рамзи баракату фаровонӣ ва бодавлат шуданро ифода мекунанд. Инчунин нақшу тасвири гулҳо ва баргҳои гуногун дар тоқиҳо орзуву омоли рангини мардумро бозтоб менамоянд
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 41
- 42
- 43
- 44
- 45
- 46
- 47
- 48
- 49
- …
- следующая ›
- последняя »