Таомҳои анъанавии мардуми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Чоп шуд: 07/03/2019Таомҳои мардуми тоҷик гуногунранг буда, то ба имрўз аз насл ба насл ҳамчун мерос омада истодааст. Вале, бо вуҷуди ин баробари пешравиҳои илму техника ва ҷаҳонишавӣ мардуми Тоҷикистон низ аз маҳсулотҳои хориҷа зиёд истифода мебаранд. Ин раванд ҷанбаҳои манфӣ ва мусбӣ дошта таъсири мутақобила низ дорад. Ҷанбаи мусбии он дар он аст, ки кишвари мо низ мисли дигар мамлакатҳои пешрафта дар чараёни пешравиҳо қарор дорад. Ҷанбаҳои манфии он дар он аст, ки баъзе маҳсулотҳои хориҷа метавонанд ба пурагӣ маҳсулоти дарунаро иваз кунанд. Барои хамин мо бояд кўшиш намоем, ки арзишҳои миллиро ҳифз намоем ва ҳамчун мерос ба насли оянда гузорем.
Ҳифз ва рушди фарҳанги ғайримоддии тоҷикон
Чоп шуд: 06/03/2019Халқи тоҷикро ҳанўз аз даврони қадим бо намунаҳои фарҳанги волои моддию ғайримоддиаш мешиносанд. Ҳамин аст, ки дар иртибот ба фарҳанги ғайримоддӣ солҳои охир омўзиш ва тарғибу ташвиқи он дар мадди назари Ҳукумати Тоҷикистон мақоми аввалиндараҷаро ба худ касб кардааст. Ниҳодҳои марбута низ барои иҷро ва амалӣ намудани ин мақсад муваззаф гардидаанд. Яке аз иқдомҳои фарҳангдўстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.
Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ
Чоп шуд: 05/03/2019Мавқеи сохт ва навозиши дутор дар Сангвор
Чоп шуд: 05/03/2019Гаронтарин сармоя барои инсон ҳунар буда, қадру қиматаш дар он аст, ки онро харидаву фурўхта намешавад. Вале бузургии инсонро дар ҳунари ў мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳунари воло метавонад зиндагиро дигаргун сохта, инчунин барои пешбурди санъату фарҳанг ва боқӣ гузоштани ном дар таърих, саҳми арзандае дошта бошад. Шахсоне, ки ба ҳунармандӣ машғул ҳастанд мардум онҳоро ба мисли дарахти пурсамар баҳо медиҳанд.
Озмуни «Суруди Модар – Алла»
Чоп шуд: 04/03/2019Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар – Алла» баргузор мекунад. Гуфта мешавад, ки ин фестивал рӯзи 6-уми март дар толори «Кохи суруш» доир мешавад ва дар он ҳудудан 700 нафар кормандони вазорату идораҳо, бонувони шинохта ва ҷавонон ширкат хоҳанд кард. Дар хабари расмии Кумита гуфта мешавад, ки то кунун ду давраи фестивал дар нашҳру ноҳия ва вилоятҳо гузаштааст ва ғолибонаш ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтаанд.
Донишу таҷрибаҳои кабкпарварӣ ва кабкбозӣ
Чоп шуд: 01/03/2019Кабк яке аз зеботарин парандаҳои табиати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар зиракию ҳушёрӣ нисбат ба дигар мурғони хушхон бартарӣ дорад. Дар бораи парвариш ва шикори кабк дар байни мардум донишу таҷрибаҳои зиёд мавҷуд аст. Ҳатто бовару эътиқод, ривоятҳои гуногуни фолклорӣ, инчунин расму одатҳои аҷибе нисбат ба кабк миёни мардуми тоҷик роиҷ мебошанд. Қобили зикр аст, ки кабк зебогии табиатро бо овози хушу дилнишинаш боз ҳам зеботар мегардонад. Садои форами кабкро бисёриҳо хуш доранд.
УМОЧ: аз ривоят то воқеъият
Чоп шуд: 28/02/2019Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2019 тасдиқ шуд
Чоп шуд: 25/02/2019Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид. Он аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 44
- 45
- 46
- 47
- 48
- 49
- 50
- 51
- 52
- …
- следующая ›
- последняя »