Мавқеи рўймол дар фарҳанги сару либоси мардуми тоҷик

Аз даврони қадим тарзу намудҳои хоси либосҳои анъанавии тоҷикон, куртаву рўймол ва дигар намудҳои сару либос вуҷуд дошт. Ва ин аънанаҳо дар ҳар давру замон бо тарзу усулҳои ҳамон замон ҳамқадам буда, то ба даврони мо омада расидаанд. Як навъи афзори ороиши хоси занҳои тоҷик рўймол буда, аз қадим модарони мо бо бастани он ҳам худро оро медоданд ва ҳам мўйи сари худро аз нури офтоб ва сардии ҳаво эмин нигоҳ медоштанд.
Рўймолҳо бо сохтору тарзи ороиш ва нақши гулҳою корбурди матоъҳо миёни

барчасп: 

Журналистика ва публитсистикашиносӣ чун самти афзалиятноки илм бояд эътироф гардад

Ағлаби назарияпардозон ва муҳаққиқин хусусияти публитсистикаро дар воқеӣ будани мавзўъ, бо факт асоснок гардонидани он, образнокии сухан, оҳангҳои иҷтимоӣ ва мавқеъгириҳои сиёсӣ дониста, таъиноти онро тарғиби ғояҳои пешқадам ва таъсири бевосита ба афкори умум муайян кардаанд. Дар замони имрўз, ки бо инкишофи техникаву технология, аз ҷумла рушди Интернет навъҳои гуногуни муошират ба вуҷуд омада шакл мегирад, муносибати журналистӣ ва публитсистӣ низ ашколи тоза пайдо мекунад.

барчасп: 

Шоҳҷоизаи “Парасту-2017” насиби театри давлатии ҷавонон шуд

Шамсиддин Орумбекзода - Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми дирӯз, 24-уми апрел шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2017”-ро ба Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов супурд.

Маросими ҷамъбастии ин озмун шоми дирӯз бо ширкати ҳунармандон ва тамошобинон дар театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд.
Маросими хайрбод бо Фестивал низ чун маросими оғози он бо садои дафу чанг ва

барчасп: 

Рӯнамои аввалин шарҳи комили “Гулистон”-и Шайх Саъдӣ дар Рӯзи бузургдошти ҳакими бузург

Баъди зуҳри рӯзи   Баъди зуҳри рӯзи панҷшанбе, 20-уми апрел  ошиқони каломи Шайх Саъдӣ дар як толори хеле хурдакаки собиқ кинотеатри Зебунниссо, ки ҳоло Иттиҳоди киноматографистони кишвар онро қароргоҳи доимии худ кардааст, ҷамъ омаданд, то бо василаи ширкат дар рӯнамои Шарҳи “Гулситон”-и донишманд ва пажуҳишгари шинохтаи тоҷик Обид Шакурзода ҳамзамон Рӯзи бузургдошти ҳакими бузург, паябари шеъри форсиро таҷлил кунанд.
Ҳамасола аввали урдибиҳштмоҳ (баробар ба 20 апрели соли масеҳӣ) дар сар то сари

барчасп: 

Аз ҳашт муассиаи шаҳри Душанбе, ки номи “пойтахт” дар таркиб дошт, панҷтои он тағйири ном кард

Шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ки номҳои такрор дар муассисаҳои фарҳангиву маърифатӣ дар шаҳри Душанберо барҳам занад.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори нави Душанбе бо судури чанд фармон номи боз чанд “Пойтахт”-ро иваз намуд. Бино ба иттилои сомонаи расми шаҳрдорӣ  муассисаи давлатии «Боғи Пойтахт» ба «Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём» номгузорӣ шудааст.  Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» бошад номи

Ҷуроббофӣ дар Бадахшон

Занони ҳунарманди халқӣ, ки табиатро хеле нозукона эҳсос мекунанд, дар нақшу нигори ҷуроб олами рангини атрофи худро ба таври хоса инъикос карда, хосият ва таассуроташонро дар он баён месозанд. Нақши ҷуробҳои ин минтақа аз минтақаҳои дигари кишвар тафовут доранд.
Ҳунари дастӣ яке аз намудҳои оммавӣ ва халқии санъат буда, аҳамияти он аз ҳеҷ кас пўшида нест. Ҳар як ашёи рўзгор талаботи эстетики одамонро баланд бардошта, ҳамчун василаи таъсири бадеӣ хидмат мекунад. Ҷуроббофӣ яке аз ҳунарҳои суннатии мардуми

барчасп: 

Дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Парасту-2017” шуруъ шуд

“Пизишки паррон”-и Молйер дар таҳияи Қурбони Собир ба Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Парасту-2017” ҳусни оғоз бахшид.
Субҳи имрӯз дар саҳни Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» ифтитоҳ шуд.
Шуруъи ин озмуни муҳими театрӣ тантанаи хоси идона дошт. Ширкаткунандагон ва меҳмонони Фестивалро бо садои дафу чанг, карнаю сурнай, доираву дутор истиқбол гирифтанд.

барчасп: 

Назаре ба ҳунарҳои бонувон (Бахши охир)

Болиштдўзӣ
Болишт ду хел, калону хурд мешавад. Болишти калон ҳаҷман 120х40 см буда, дар он гули калон ва баргу шохаҳо гул гулдўзӣ мешавад. Болишти хурд низ тақрибан 50х40 см буда, бо чор гули хурд ва баргҳои майда-майда оро дода мешавад.
Дар давоми сафар ба ноҳияи Ашт мо муваффақ шудем, ки бо ҳунармандони маҳаллӣ суҳбат намуда, оиди касбу ҳунарҳои миллӣ маълумотҳои муфид ба даст орем. Маюсуфова Норинисо (с/т.1955, ҷ.д.Шодоба, шаҳраки Гулшан), Масолиева

барчасп: 

Страницы