Профессор Асозода: андешаву афкори маро аз китобҳоям ҷӯед
Чоп шуд: 24/12/2016Субҳи рӯзи 24-уми декабри соли 2016 дар толори хониши ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, устодони Донишгоҳ, адибони маъруф ва донишҷӯён маҳфили илмӣ-адабии “Худойназар Асозода ва тозаандешӣ дар адабиёти тоҷик” баргузор шуд.
Маҳфил ба ифтихори 75-умин солгарди донишманди маъруф, профессор Худойназар Асозода бахшида шуда буд. 25-уми декабр агар ӯ дар ҳаёт мебуд, ҳафтодупанҷсола
Даричаи ошноӣ бо Романс
Чоп шуд: 20/12/2016Романс (аз исп.romance-романӣ) асари мусиқии камеравӣ барои овоз бо ҳамовозии созҳо. Истилоҳи мазкур дар асрҳои миёна дар Испания пайдо шуда, аввалан сурудҳои дунявӣ бо забони испанӣ (романӣ) эҷодшударо ифода мекард (хилофи сурудҳои калисоӣ, ки ба лотинӣ иҷро мешуданд). Баъдтар дар дигар мамлакатҳо низ маъмул гардид.
Романс бо шеър нисбат ба суруд робитаи зичтаре дошта, дар худ натанхо хусусияти умумӣ ва сохти бадеӣ, балки воситаҳои ифодаи алоҳида ва ҷузъҳои оҳангию вазнии
Як соли корҳои интишоротии Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот
Чоп шуд: 20/12/2016Соли 2016 аз ҷониби олимони ПИТФИ Д. Раҳимов ва А. Аминов маводи эмпирикӣ ҷиҳати таҳияи номинатсияи “Чавгон” ҷамъоварӣ карда шуда, дар якҷоягӣ бо комиссияи корӣ матни номинатсия таҳия гардид. Ҳамзамон бо Комиссияи миллии кор бо ЮНЕСКО-и Тоҷикистон ходимони илмии ПИТФИ, саволнома ва ҳуҷҷатҳои зарурии чавгонбозиро таҳия карда, ба забони инглисӣ тарҷума намуда, ба Комиссияи миллии кор бо ЮНЕСКО фиристоданд.
Соли 2016 кормандони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати
Дар баёни пайдо шудани илми мусиқӣ ва одобу кайфияти хоси он
Чоп шуд: 14/12/2016«Дар баёни пайдо шудани илми мусиқӣ ва одобу кайфияти хоси он», рисолаи мусиқиест, ки муаллифаш номаълум ва дар нимаи дуюми асри XYI ва ибтидои асри XYII дар шаҳри Исфаҳон ба забони форсии тоҷикӣ таълиф шудааст.
Рисола масъалаҳои муҳиму умдаи да 12 мақом ва таркиботи онҳоро дар бар гирифта, баъзе фасл ва мавзӯоти он аз рисолаҳоимусиқии дар Мовароуннаҳру Хуросон таълифёфта (Кавкабии Бухороӣ, Маҳмуди Мирзобой, Хоҷакалони Хуросонӣ ва дигарон) иқтибос шудааст.
Донистаниҳо аз Дувоздаҳмақом
Чоп шуд: 13/12/2016«ДУВОЗДАҲМАҚОМ», маҷмӯи мӯҳташами созию овозии силсилавии устодонаи мусиқии классикии тоҷик-форс, ки дар нимаи дуюми асри XII ва ибтидои асри XIII ташаккул ёфта, бо ин ном дар адабиёти хаттӣ собит шуда ва охири асри XYII маъмул гаштааст.
Дар адабиёти хаттии форсии тоҷикӣ номи мақом, шӯъба, гӯша ва таркибҳои созии Дувоздаҳмақом зикр ёфта («Луғати фурс», ашъори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низоми Ганҷавӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ ва дигарон), аммо дар шакли як маҷмӯи воҳиди силсилавии
Аз гӯшвора ҳикоят кунем
Чоп шуд: 12/12/2016ГӮШВОРА, гӯшвор, ҳалқа, ашёи зинати занона, ки ба гӯш меовезан. Гӯшвора аз замонҳои қадим байни мардуми машриқзамин, аз ҷумла тоҷикон маълум буд. Дар дахмаи Куркат (а-ҳои 1 – 7, ноҳияи Спитамени ҳозира) ба туфайли ҳафриётҳои археологӣ аввалин гӯшвораҳо (аз асрҳои 3 – 7) ёфт шуданд. Аз ҳафриёти Шаҳристон низ гӯшвораҳое ба даст омадаанд, ки ба асрҳои 12 – 13 мансубанд.
Гӯшвора одатан маҳсули кори заргарист. Гӯшвораҳои оддӣ аз 2 – 4 овеза (поя) иборатанд. Гӯшвораҳои қиматбаҳоро дар тӯю ид меовезанд
Графика чист?
Чоп шуд: 06/12/2016ГРАФИКА (аз юнонии graphike ва grapho – менависам, нақш, расм мекашам), навъи санъати тасвирӣ, ки сиёҳқаламӣ ва асарҳои нафисаи чопӣ (ҳаккокӣ, литография ва ғ.)-ро дар бар гирифта, ба санъати расмкашӣ асос меёбад. Графика аввал ба маънои хат ва санъати хаттотӣ низ меомад.
Асоси санъати графика усули пйеса (моҳирона ба кор бурдани тобишҳои ранги сиёҳу сафед) аст. Аз ин рӯ дар графика, баръакси дигар навъҳои санъати тасвирӣ, хелҳои гуногуни ранг кам истифода мешавад.
Оши палав ҳам ҷаҳонӣ шуд
Чоп шуд: 02/12/2016Оши палав расман ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардид.
Рӯзҳои 28 – уми ноябр- 2 – уми декабри соли равон дар пойтахти Эфиопия- шаҳри Аддис-Абеба ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ баргузор шуд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 бахшҳои «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» ва «Наврӯз» барои сабт гардидан ба Феҳристи шаклии ЮНЕСКО оид ба фарҳанги ғайримоддӣ пешниҳод
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 87
- 88
- 89
- 90
- 91
- 92
- 93
- 94
- 95
- …
- следующая ›
- последняя »