Эҳёгари Роғун
Чоп шуд: 23/01/2017Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бидуни шак эҳёгари Роғун аст. Маҳз талошҳои рӯзафзуни вай буданд, ки сохтмони Роғун бо вуҷуди мухолифатҳои ҳамсоягон аз сар гирифта шуд. Имрӯз дигар шубҳае нест, ки он бунёд нашавад. “Роғун” сохта хоҳад шуд ва он дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи наверо боз хоҳад кард.
Барҳам хӯрдани лимити барқ бо амри Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам
Танзи рӯз: Дусад лаънат бар он тақлид бод !!!
Чоп шуд: 23/01/2017Дар ҷомеаи имрӯз ҳар фарди огоҳ изҳори нигароние аз тақлид дорад. Тақлид ба пӯшиши бегонагон, зистан ба шевае, ки дар фарҳанги миллат нест ва ғайраву ҳоказо. Ва ин тақлидҳои кӯр-кӯрона паёмадҳои хуш ҳам надоранд.
Ва агар нек бингарем тақлид танҳо як ҷузъи фарҳанги имрӯз набудааст. Дар гузашта низ ниёкони мо бонги хатар дар ин бора задаанд. Ҳикояти ибратомӯзе дар ин маврид аз Мавлоно Мавлавии Балхӣ дорем, ки басо хонданиву шуниданист.
Ҳамоиши “Ибтикори навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба об” дар Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот
Чоп шуд: 10/01/2017Имрӯз дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ибтикори навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба об” баргузор шуд.
Шариф Комилзода, Директори Пажуҳишгоҳ дар маърӯзаи худ “Ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили марбут ба об” аз ҷумла гуфт: “Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираҳои бузурги обӣ ва гидроэнергетикӣ дар миқёси ҷаҳон дорои ҷойгоҳи махсус мебошад
Майсара Дилдорова-ҳунарманди нотакрор
Чоп шуд: 09/01/2017Майсара ДИЛДОРОВА, ин сарояндаи мумтоз ва овозхони нотакрор соли 1944 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон дида ба олам кушодааст.
Майсара Дилдорова аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки миёни мардум шуҳрати бемисл дорад.
Фаъолияти ҳунариашро соли 1955 дар дастаи ҳаваскорони санъати мактаби миёнаи ба номи С. М. Кирови шаҳри Хоруғ оғоз намудааст. Аз соли 1960 сароянда ва ҳунарманди Театри мазҳакаи мусиқии Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров буд.
Ёддоште аз Сотим Улуғзода: Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ
Чоп шуд: 04/01/2017Устод Айнӣ нияти сафари Бухороро дорад. Маро таклиф кард, ки дар ин сафар ба вай ҳамроҳӣ намоям.
- Икромӣ бо ман меравад, шумо ҳам равон шавед,-мегӯяд вай. Ман корҳои таъҷилӣ ба ӯҳда дорам, вақтам танг аст, аммо дилам ба сафар кашол! Охир дар Бухоро ва атрофи он ҷоҳои таърихӣ ва осори атиқа бисёранд, инчунин бештарини воқеаҳое, ки дар китобҳои Айнӣ тасвир ёфтаанд, дар он ҷоҳо мегузаранд, қаҳрамонони асарҳои вай ҳам дар ҳамон ҷоҳо амал мекунанд. Дерест ки орзуи саёҳати Бухороро дорам ва инак
Соли наватон муборак!!!
Чоп шуд: 31/12/2016Дӯстони азиз, хонандагони сомонаи Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот !
Лаҳзае чанд ин соли куҳан сипарӣ мешавад ва мову Шумо ба истиқболи Соли нав мешитобем.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави 2017 муборакбод мекунем.
Бароятон хонаободӣ ва беҳтарину хуштарин хушиҳои дунёро таманно дорем.
Ин шеъри олими шинохта, шоири хубамон Нуралии Нурзод ва поёнсухан ба онро чун
Шариф Комилзода: «Паёми имсола ҳуҷҷати муҳим ва фарогири дастовардҳои асосии миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад»
Чоп шуд: 29/12/2016Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳти унвони «Нақши фарҳанг дар инкишофи тафаккури миллӣ» (дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҷамъомад доир гардид.
Дар суҳбат директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода иброз дошт, ки Паёми имсола ҳуҷҷати муҳими стратегие мебошад, ки дар он дастовардҳои асосии миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мавриди баррасӣ
«Нақши фарҳанг дар инкишофи тафаккури миллӣ»-ҳамоиш дар ПИТФИ
Чоп шуд: 28/12/2016Пагоҳ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши фарҳанг дар инкишофи тафаккури миллӣ» (дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳамоиш баргузор мегардад.
Дар суҳбат Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбоналӣ Бӯриев, директори Хонаи китоби Тоҷикистон ва Сироҷиддин Икромӣ,
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 86
- 87
- 88
- 89
- 90
- 91
- 92
- 93
- 94
- …
- следующая ›
- последняя »