Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи Фарҳанг ва иттилооти назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 100 матни китоби электрониро дар бойгонии худ дорад, ки хонандагон метавонанд барои ошноӣ бо онҳо ба Пажуҳишгоҳ ташриф биёранд. Аз ҷумлаи ин китобҳои нодир “Донишнноми Шашмақом”, ки соли 2009 интишор ёфтааст, ҳафт ҷилд “Энсиклопедияи советии тоҷик”, ки солҳои 1978 – 1988 чоп шудаанд, се ҷилди “Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик”, ки солҳои 1988-2004 аз чоп баромадаанд ва ғайра мебошанд. Ҳамчунин хонандагон метавонанд бо фарҳангномаҳои зиёд, китобҳои илмӣ оид ба
Фахриддини Розӣ яке аз мутафаккирони маъруфест, ки дар оғози марҳилаи сеюми инкишофи илми калом зиставу фаъолият кардааст. Дар бисёре аз сарчашмаҳои таърихӣ, олимону муаррихон ўро ҳамчун мутакаллими варзида ва идомадиҳандаи роҳу равиши Муҳаммади Ғазолӣ васф кардаанд. Аксари муаррихону муҳаққиқон дар бораи ин, ки Фахриддини Розӣ мутакаллим аст ё файласуф, сухан гуфтаву андешаҳои худро баён доштаанд. Донишманди эронӣ Муртазо Мутаҳҳарӣ дар бораи Фахруддини Розӣ чунин гуфтааст: «…ҳам фақеҳ буд, ҳам мутакаллим ва ҳам муфассир ва ҳам файласуф
Пайдоиши китоб дар таърихи инсоният зуҳуроти бисёрҷониба ва мураккаб ба шумор меравад. Албатта, аз замони ихтирои дастгоҳи чоп шурўъ намудани таърихи ташаккули китоб амали ғайримунсифона мебошад, зеро дар ҷараёни тараққиёти ҷомеаи инсонӣ роҳу усулҳои интиқоли маълумот ва шаклҳои сабти дониш дар давоми ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, мукаммал гардидаанд. Қабл аз пайдоиши хат маълумот муддати дароз дар шакли шифоҳӣ аз як ҷой ба ҷойи дигар интиқол дода мешуд: маълумоти хабарӣ ба воситаи ҷорчиёну қосидон, маълумоти бунёдӣ бо ёрии намояндагони элитаи ақлонӣ
Дар даврони истиқлол дар радифи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ба рушду нумўи соҳаи табъу нашр, полиграфия ва савдои китоб низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Дар ин самт аз ҷониби давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Қабул шудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушди
Муҳтавои ин китоб ҳамин як мисраъ аст. Яъне, сухан ҳар гоҳ “аз сари андеша ояд” ва ҳарфу ҳиҷо ба муроди дили инсон бошад, посух чунин хоҳад буд.
Аммо сухан гуфтан ин худ санъат аст. Як маъноро метавон ба гунаҳои гуногун ифода кард, ки гоҳ хашин ба гӯш расад ва гоҳи дигар форам. Ин аз маҳорати гӯяндаи он вобаста аст, ки хабарро чӣ гуна мерасонад.
Заҳмате, ки олими суханшинос Қурбон Хоҷаев кашидааст, арзиши воло дорад. Дар як китоб талош кардааст маҳорати сухан гуфтан ва сухан шунидану
Субҳи рӯзи ҷумъа, 1-уми апрел дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таҳти раёсати Ҷонишини аввали Райиси Иттифоқ Ато Мирхоҷа рӯнамои ду китоб дар бораи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
Китоби аввал “Пешво-ифтихори миллат” НОМ дошт ва он силсилаи мақолаҳоеро дар бар мегирад, ки фаъолияти созанда ва бунёдкорона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор дода, анқши воқеъии ӯро чун Асосгузори сулҳу
Суманак - навъе аз хуриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пӯхта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиъат ва зебоию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Ду ҳафта қабл аз чашни Наврӯз мардум дар хонаҳои худ, дар табакхо гандумхоро шуста ва месабзонанд ва рӯзи ид ба идгоҳ меоранд. Он ҷо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманакпазӣ мекунанд.
Ҷараёни суманакпазӣ як шабонарӯз давом мекунад ва занҳову духтарон ҳам сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу хандаҳо мекунанд. Зеро боваре ҳаст, ки соли навро...
Китоби нави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат- ҳастии миллат» баргузор шуд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода –Ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар сухани муқаддимотии худ дар остонаи ҷашни ҷамшедии Наврӯз нашр гардидани китоби «Забони миллат –ҳастии миллат»-ро дастоварди бузурги илмию фарҳангӣ ва муждаи наврӯзӣ барои миллати тоҷик ва кулли форсизабонони ҷаҳон арзёбӣ кард.