Андар шинохти ҷашни Сада
Чоп шуд: 25/01/2021Дар қатори ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон ниёгони мо ҷашни бошукӯҳи дигаре бо номи Сада доштанд, ки дар меҳвари он оташ қарор доштааст. Яъне ҷашни Сада ба хоири гиромидошти оташ ҳамчун неъмати бузурги табиат таҷлил мегардид. Аз ҷониби дигар ҷашнҳои аҷдодии мо дар заминаи хушку холӣ бунёд нагардида, ҳар кадоме дар давраи муайян ва пайвастагие ба табиату кайҳон доштаанд. Агар ҷашни Наврӯз дар фасли баҳор ва бо мақсади оғози кишту кор ва мавсими эҳёи табиат баргузор шавад, ҷашни Меҳргон дар фасли поиз ва ба хотири ҷамъбаст ва гирдоварии заҳмати...
Сухани табрикии директори Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба фарорасии Соли Нави мелодии 2021.
Чоп шуд: 31/12/2020Устодон, ҳамкорон ва шогирдони азиз!
Шумо ва дар шахси Шумо аҳли хонаводаатон ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2021 самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тандурустӣ, саодати рӯзгор ва комёбиҳои нав ба нав дар корҳои илмӣ-эҷодӣ, ҷамъиятӣ, давлатӣ ва шахсиятон орзу менамоям...
Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими фарҳангу ҳунар ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021
Чоп шуд: 28/12/2020Дастури умумибиблиографии «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими фарҳангу ҳунар ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021» ба муштариён имкон медиҳад, ки роҷеъ ба осору зиндагиномаи чеҳраҳои фарҳангу ҳунар ва матбуоти кишвар маводи заруриро пайдо намоянд. Дар «Тақвим…» ахбори воқеаҳои соли 2021 ва очеркҳо бахшида ба шахсиятҳои шинохтаи фарҳангу ҳунар, матбуот ва ҷашну санаҳои муҳими таърихиву фарҳангии ҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд. Ахбори воқеаҳои дастур нисбат ба солҳои қаблӣ комилтар буда, фарогири ҳама ҷабҳаҳои фарҳангу ҳунар ва матбуот мебошад.
Таомҳои маҳаллии мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ
Чоп шуд: 24/11/2020Фарҳанг ҷанбаи мустаҳкам ва бою ғанӣ барои таърихи инсоният ба шумор меравад. Табиист, ки дар симои ҳар як шахс фарҳанги ӯро дидан мумкин аст. Дар шароити кунунӣ шахсият ва миллати касро вобаста ба рафтору гуфтор ва амалҳои фарҳангиаш муайян кардан мумкин аст. Аз рӯи ном муайян кардан мумкин аст, ки Мастчоҳи Кӯҳӣ яке аз ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз рӯи мушоҳидаҳо то солҳои наздик ин ноҳия роҳҳои душворгузар дошта, рафтуомад ба маркази вилоят ва ҳатто ҷумҳурӣ нисбати дигар минтақаҳо камтар ба назар мерасид.
Чанд сухан роҷеъ ба ҳунарҳои бонувони Хатлонзамин
Чоп шуд: 24/11/2020Тоҷикон аз қадим зиндагии худро бидуни касбу ҳунар тасаввур карда наметавонистанд. Истифодаи он дар байни мардум яке аз василаҳои таъмини хароҷоти рӯзгор буда, ҳанӯз ҳам талабот ба маҳсулоти ҳунармандӣ мавҷуд аст. Имрӯзҳо низ касбу ҳунарҳои мардумӣ мавқеи худро гум накарда, рӯз аз рӯз рушд карда истодааст. Равнақу ривоҷ ёфтани ҳунарҳои мардумиро дар кишвар метавон мусоидати аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд, шурӯъ аз соли 2018 то соли 2021 бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ...
Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст
Чоп шуд: 23/11/2020Санаи 23-юми ноябри соли 2020 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Парчам – рамзи худшиносии миллӣ» баргузор гардид.Мизи мудавварро директори ПИТФИ номзади илмҳои филологӣ Д.Раҳимӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати рӯзи Парчам муборакбод гуфт. Инчунин қайд намуд, ки истиқлолияти давлатиро бидуни рамзҳои давлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз истиқлолият боис гардид, ки рамзҳои давлатӣ бознигарӣ шаванд.
Таҷлили Рӯзи Президент Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот
Чоп шуд: 17/11/2020Санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ А.Аминов – муовини директор оид ба корҳои илмӣ, Ш.Комилзода – муовини директор оид ба корҳои методӣ, мудирони шуъбаю бахш ва ходимони илмии пажӯҳишгоҳ иштирок карданд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини директори ПИТФИ номзади илмҳои
Нон дар контексти ҷашну маросимҳои мардуми тоҷик
Чоп шуд: 11/11/2020Аз замонҳои қадим то кунун миёни мардуми тоҷик нон яке аз бузургтарин анвои хўрдании рўйи хон ба ҳисоб меравад. Нисбат ба дигар халқу миллатҳо дар фарҳанги тоҷикон нон ҷойгоҳи хосса дошта, эҳтиром нисбат ба он хеле зиёд аст. Ҷои шубҳа нест, ки мардуми мо нонро баробари дигар муқаддасоти динӣ дониставу дар бораи он нақлу ривоятҳои фаровоне офаридаанд. Дар такя ба бовару ақида ва мақолу зарбулмасалҳои халқӣ, куҳансолон насли наврасро тарбият намуда, ба ин васила ҳурмату эҳтироми онҳоро нисбат ба нон ҳамчун хўрдании муқаддас талқин менамоянд.
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 27
- 28
- 29
- 30
- 31
- 32
- 33
- 34
- 35
- …
- следующая ›
- последняя »