Сайёҳон ба ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хос доранд
Чоп шуд: 15/03/2018Сайёҳони машҳуре аз қабили Марко Поло, Гилом Рубак, Клавиҳо Рюи Гонсалес, Ефемов Ф. ва дигарон бардошт аз ҳунарҳои мардуми тоҷикро дар сафарномаҳо ва асарҳои этнографии худ на танҳо зикр кардаанд, балки дар бораи баъзе аз онҳо маълумоти муфассал овардаанд. Чунончи Марко Поло дар китобаш дар бораи ҳунару либосҳое, ки мардуми кўҳистони Помир ба бар мекардаанд, чунин гуфтааст: «Дар он ҷо одамон камонварони олидараҷаанд, бисёртар либосҳои аз пўсту пашми ҳайвонот омодашударо, ки арзиши баланд доранд, ба бар
Наврўз ва наврўзшиносӣ дар Тоҷикистон
Чоп шуд: 13/03/2018Наврўз ба ҳайси яке аз унсурҳои барҷастаи фарҳанги ғайримоддӣ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷумҳуриҳои Афғонистон, Эрон, Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳиндустон рўзи 30 ноябри соли 2016 дар Ҷаласаи 11-умини байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор гардид, расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Бузургон дар васфи зан – модар
Чоп шуд: 07/03/2018Боғи “50-солагии ҷавонон” “Низомиддин Алишери Низомӣ” ном гирифт
Чоп шуд: 06/03/2018Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» Амр ба имзо расид. Хабари мазкурро субщи имрӯз дафтари матбуотии Сардори давлат расонаӣ кард.
Дар он аз ҷумла омада:
1. Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» иваз
Ғарибошно бошу сайёҳдӯст…
Чоп шуд: 06/03/2018Аз нигоҳи Саъдӣ мардуми сайёҳу ҷаҳонгард, афроди огоҳу бедордил ва муштоқи илму ҳикмат буда, бо ҷаҳонбинии фарохе, ки доранд барои бани башар хидмат мекунанд. Албатта сафар кардан дар он замон барои мардони ҷаҳонгард, хатарҳои фаровоне дар пай дошт ва ҳар кас тавон ва ҷуръати тақаббули ранҷи сафарро надошт. Аз ин рӯ, Саъдӣ барои мусофирону ғарибон эҳтироми баланде қоил аст ва дар саросари осораш, подшоҳон ва дигар табақоти ҷомеаро баҳри гиромидошти ҷаҳонгардон ташвиқ кардааст
Осорхона ва нақши он дар ташаккули худшиносии миллӣ
Чоп шуд: 27/02/2018Дар шароити нави таърихӣ ташаккули худшиносии миллӣ яке аз масъалаҳои муҳим буда, тарбияи он омӯзишу пажӯҳиши арзишҳои миллӣ ва мероси таърихиву фарҳангиро тақозо мекунад. Мероси фарҳангӣ ҳамчун баёнгари хотираи таърихӣ, расму ойин ва анъаноти миллӣ дар шинохти тамаддун ва мақоми ҷаҳонии миллати тоҷик аҳамияти бузург дорад. Бахусус, нақш ва мақоми ин мерос дар баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ хеле бузург аст.
Маҳз бо назардошти ҳамин дар даврони истиқлолият ба рушду нумӯи осорхонаҳо дар
Суханронии Пешвои миллат дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
Чоп шуд: 24/02/2018Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!
Муҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Имрӯз мо бисту панҷумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани азизамон ҷашн мегирем.
Ба ин муносибат ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбиро, ки дар бунёди ҷомеаи
Ҳолати клубҳо ташвишовар аст
Чоп шуд: 23/02/2018Ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурии мо ба сари 3660 нафар аҳолӣ як муассисаи клубӣ рост меояд, ҳоло он ки ин рақам дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, 2168 нафарро ташкил медод. Тибқи стандарти умумӣ хизматрасонии фарҳангӣ-фароғатӣ, бояд дар маҳаллаҳое, ки аҳолияшон аз сад нафар зиёданду муассисаи фарҳангӣ вуҷуд надорад, моҳе ду маротиба тавассути клуби сайёр талаботи фарҳангӣ-фароғатии онҳо қонеъ гардонида шавад. Ҳоло дар миқиёси ҷумҳурӣ ҳамаги 59 адад кулбҳои сайёр фаъолият доранд, ки ин шумора низ
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 69
- 70
- 71
- 72
- 73
- 74
- 75
- 76
- 77
- …
- следующая ›
- последняя »