Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ғалаба бар фашизм
Чоп шуд: 09/05/2018Иштироки Пешвои миллат дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба
Чоп шуд: 09/05/2018Имрӯз, 9-уми май, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати 73 - юмин солгарди ғалаба бар фашизм ба хотири шаҳидони роҳи озодӣ гулчанбар гузоштанд. Ба ин муносибат майдони маросимҳои Боғи Ғалаба идона ороста шуда буд.
Дар маҳалли баргузории чорабинӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро
Бурёбофӣ дар ноҳияи Восеъ
Чоп шуд: 08/05/2018Дар қатори дигар ҳунарҳои миллӣ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ҳунари бўрёбофӣ то ҳол мавҷуд аст. Чунончӣ, дар деҳаи Хоҷа Ғалтони ҷамоати деҳоти М. Вайсов якчанд хонавода бо ин касб машғуланд ва метавон гуфт, ки як қисми манбаи даромади зиндагияшон аз ҳамин ҳисоб будааст. Ҳангоми сафари хидматӣ ба ин ноҳия моро муяссар гардид, ки дар бораи тарзи омода кардани ин ҳунари аҷдодӣ, мавқеъ ва усули истифодаи он, инчунин бартарӣ ва манфиати бурё нисбат ба дигар ашёҳои химявӣ маълумоти дақиқеро сабт
Бовару эътиқодот нисбат ба мўй:
Чоп шуд: 03/05/2018Чуноне аз мушоҳидаҳо маълум аст мўи бофтаи духтарони ба балоғатрасида нисбат ба наврасон фарқ дорад. Духтарони сину солашон 15-20-сола ва аз он болотар мўйҳояшонро бо тарзҳои гуногун мебофанд. Дар гузашта наварўсон баъди шавҳар кардан мўйҳои худро дуқабата ё сеқабата ва пас аз издивоҷ якқабата, пас он ки соҳиби писар шаванду тўйи хатнасур кунанд, ду кокули чаппа ва пас аз хонадор кардани фарзанд ду кокули роста мебофтанд, ки ҳамаи ин ба худ як бовару эътиқоди хоса дошт.
Рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳрҳои Бохтар ва Леваканти вилояти Хатлон
Чоп шуд: 03/05/2018Дар баробари касбу ҳунарҳои гуногун маҳорати пазандагии бонувони Бохтару Левакант низ таҳқиқ карда шуд. Ба ҳама маълум аст, ки ҳар як бонуи тоҷик ба хубӣ аз уҳдаи пўхтани ин ё он таоми миллию маҳаллӣ мебарояд. Бо вуҷуди ҳангоми сафари корӣ бо заноне вохўрдем, ки дар омода кардани таомҳои анъанавии ин минтақа ҳамто надошта, дар ҷашну маросим ва маъракаҳои мардуми маҳаллӣ намунаҳои мухталифи таомҳоро аз қабили, анвои гуногуни нон, суманак, санбўсаи қаламагӣ, таҳмол, қалама,
Ҳунарҳои мардумӣ: НУҚРАКОРӢ
Чоп шуд: 02/05/2018Нуқракорӣ, нуқракӯбӣ, ҳунари аз нуқра сохтан ва ба нуқра зинат додани чизҳо, хотамкорӣ дар нуқра. Нуқра дар заргарии тоҷикон яке аз маҳсулоти асосӣ ба шумор меравад.
Заргарони тоҷик аз замонҳои қадим дар баробари тилло аз нуқраи холис ё бо тилло омехта ҳайкалчаҳо, дастпонаҳо, тавқу овезаҳо месохтанд. Намунаҳои маснуоти нуқрагини қадимӣ дар байни маснуоти аз Хизонаи Омударё ва дигар ҳафриёти дар
Ҳунарҳои мардумӣ: ЧОШБАРДОРОН
Чоп шуд: 02/05/2018Қабл аз гандумро ба ҷуволу халтаҳо бардоштан барои эшони деҳа ва имоми масчид «хақкуллох» (ҳаққи Аллох)-гуён як-ду ғалбер гандумро фиристода дуо мегирифтанд. Дар ин маврид кишоварзони Қаротегину Дарвоз гандуми «Хақкуллох»-ро ба эхтиёҷмандон ё муаллими мактаби деҳа медоданд. «Ҳаққуллох»-ро бо нияти ҳалол кардани хирмани гандум, ки говони ҷуфтӣ ҳангоми хирманкуби бо саргини худ «ҳаром» менамуданд, баҷо меоварданд.
Ҷараёни аз хирман ба халтаву лингаҳо бардоштани чош-ғаллаи дехқонон.Чошбардорон
Тасаллияти Пешвои миллат ба наздикону пайвандони шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир
Чоп шуд: 01/05/2018Имрӯз 1 майи соли 2018 соати 5-у 10 дақиқаи вақти Душанбе шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охир табобат мегирифт, аз олам даргузашт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони шоири маҳбуб изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқ баён намуданд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 66
- 67
- 68
- 69
- 70
- 71
- 72
- 73
- 74
- …
- следующая ›
- последняя »