Модари ман аз табори бениёзӣ буд (ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ МЕҲРУБОНИИ ПЕШВОИ МУҲТАРАМИ МИЛЛАТ БА МОДАРОНИ АЗИЗ)

Модари ман аз табори бениёзӣ буд,

Пову дасту чашму рӯи ӯ намозӣ буд.

Гирдбоди зиндагиро сахт бо дасташ фишурда,..

барчасп: 

НУҚРА РАҲМАТОВА: “МАН БЕШТАР ВАСФИ ВАТАНРО СУРУДААМ”

Ҷавонӣ - фасли беҳтарин ва дилпазиртарини зиндагии мо  бо шунидани сурудҳои дилнишину муассири як қатор ҳунармандон чун Ҷӯрабек Мурод, Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Нуқра Раҳматова, Махфират Ҳамроқулова, Тоҷиддин Муҳиддин, Муқаддас Набиева, Аҳмад Зоҳир, Гугуш, Лайло Фуруҳар, Мӯин, Саттор ва дигарҳо сипарӣ шуд ва дар дилу хотираҳо монд. Аксари онҳо имрӯз дар ҳаёт нестанд ва ба абадият пайвастанд...

барчасп: 

СОЛИ НАВАТОН ФАРХУНДА БОД! Табрикоти солинавии директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Абдулфаттоҳ Ҳакимович

Ҳамкорони арҷманд!

Дар соли 2023  рӯйдодҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар мамлакатамон ба амал омаданд, ки муҳимтаринашон 26-солагии Ваҳдати миллӣ, 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31-солагии Иҷлосияи XYI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

барчасп: 

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИЮ ТАДҚИҚОТӢ ВА МЕТОДИИ ПАЖӮҲИШГОҲИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ ФАРҲАНГ ВА ИТТИЛООТ

Дар ҷаласаи ҷамъбастии Шурои олимони пажӯҳишгоҳ, ки таҳти раёсати Раиси шуро, номзади илмҳои филологӣ Абдулфаттоҳ Аминов доир гардид, фаъолияти он дар соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳои он барои соли 2024 муайян гардид.

барчасп: 

Сабти ном шудани се унсури фарҳанги ғайримоддӣ дар ЮНЕСКО

Аз 4-ум то 9-уми декабри соли 2023 дар Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана Ҷаласаи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО баргузор шуд.  Дар ин ҷаласа дар қатори масъалаҳои зиёди дигар инчунин баррасии номинатсияҳои унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ сурат гирифт. Аз тамоми кишварҳои узви Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ имсол 55 парвандаи номинатсионӣ, 45 адад ба “Феҳристи репрезентативӣ”, 6-то ба “Феҳристи унсурҳои ҳифзи фаврӣ” ва 4-то ба “Рӯйхати таҷрибаҳои намунавӣ ҷиҳати ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ” ба комиссия ворид шуданд.

барчасп: 

НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Рӯзи 7-уми декабри соли 2023 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба 29-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон озмуни “Мақолаи беҳтарин” гузаронида шуд.

Китоби «ФАРҲАНГ ВА ТАҲАВВУЛИ ОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ» ба табъ расид…

Нашри китоби Мунаввари Сафар “Фарҳанг ва таҳаввули он дар замони истиқлол, ки онро Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расондааст, муборакамон бод.

АНДЕШАЕ ЧАНД ПЕРОМУНИ РУШДИ ҲУНАРИ КИНОИ ТОҶИК ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Саъдӣ Мирзоев
Ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ
 

Баръакси замони Истиқлол, дар замони шуравӣ кинои тоҷик хеле тараққӣ карда, бо тавлиди як қатор филмҳои таърихию бадеӣ шуҳрати ҷаҳонӣ касб намуд. Сенариянависони он замон кӯшиш мекарданд, чизи наве эҷод намоянд, чизе, ки ба дарди мардум хурад ва дар баробари фароғати онҳо эҳсоси шинохти худу худогоҳиро дар вуҷудашон тавлид созад.

Страницы