Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар даврони истиқлол Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (минбаъд ПИТФИ) тавассути ташкил ва баргузории экспедитсияҳои илмӣ ва таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои муҳимми соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла библиографияи тоҷик саҳми назаррас гузоштааст. Бо ташаббуси олимони ПИТФИ дар заминаи таҳқиқотҳои анҷомдодашуда теъдоди муайяни барномаву китобҳои дарсӣ, маводи таълимию методӣ, маҷмуаҳои илмӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ омодаву нашр шуданд...
Дар Осиёи Марказӣ аз пайдоиши дини ислом то инҷониб шахсиятҳои зиёде зиндагонӣ кардаанд, ки роҷеъ ба онҳо нақлу ривоятҳо ва қиссаҳо дар адабиёти китобию шифоҳӣ мавҷуданд. Аксари ин шахсиятҳо дар замони худ мадрасаҳои Самарқанду Бухоро, Хуҷанд мамлакатҳои Арабро хатм карда, ба зодгоҳашон баргашта, то охири умр дар ҳамон ҷо зиндагӣ ва фаъолият намудаанд...
Мактабҳои бачагонаи санъат поягузори фарҳанги миллӣ буда, дар рушду такомули он нақши муҳим мебозанд. Санъати касбӣ баҳри густаришу мустаҳкам ва ғанӣ гардидани фарҳангу санъати аҷдоди мусоидат менамояд. Бо мақсади омӯзиш ва баррасии барномаҳо, нақшаҳо ва рафти таълиму тарбия дар муассисаҳои санъати бачагонаи ҷумҳурӣ қисмати ҳунарҳои занона ва санъати рассомии Мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Варзоб мавриди пажȳҳиш қарор гирифт...
Дини мубини ислом бо иноят ва таваҷҷуҳи хосе, ки ба илм ва илмомӯзӣ дорад, пайравони худро ба он тарғибу ташвиқ менамояд ва пешрафту тараққӣ ва такомулро бар мусалмонон воҷиб гардонидааст, зеро шахс дорои каромат нахоҳад буд, магар пас аз он ки ба фазилати илму дониш ороста шавад...
Ҷашни арӯсӣ яке аз пурнишоттарин ҷашнҳоест, ки бо фарогири расму оинҳои анъанавӣ ва дар доираи ақидаву боварҳои суннатӣ то имрӯз дар шакли васеъ миёни мардуми тоҷик таҷлил мегардад. Зеро дар ин ҷашн мақсаду маром ва орзуву ниятҳои неки ду авлод, баҳри бунёди оилаи ҷавон роҳандозӣ мешавад. Маҳз бо ҳамин мақсад ҳар як маросим ва ё анъанае, ки дар доираи баргузории ҷашни арӯсӣ созмон дода мешавад, дар такя ба эътиқоду боварҳои мардумӣ ба амал омадаанд.
Барои фаъолияти густурда дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятии ҷаҳони муосир, ташкилотҳои гуногун таъсис ёфтанд, ки тавассути узвият ба онҳо афзалияту дастгириҳои тарафайн сурат мегирад. Яке аз чунин ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) маҳсуб меёбад...
Дар ҳаёти мардуми тоҷик, хусусан, кӯдакон, наврасону ҷавонон бозиву саргармиҳои зиёде мавҷуданд, ки аз замонҳои пеш то имрӯз дар мавридҳои гуногун иҷро мешаванд. Бозиҳои бачагона, асосан дар шакли ҳаракатҳои гуногуни ҷисмонӣ иҷро шуда, барои обутоб ёфтани ҷисми кӯдакону наврасон мусоидат мекунанд...
Шубҳае нест, ки бузургтарин ҳодисаи таърихии халқи тоҷик баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ин ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад. Истиқлолият давлату миллати ба тамом аз байн рафтаи тоҷикро дубора асоси усутвор бахшид, эҳё намуд ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард. Ба ағлабият маълум аст, ки сар задани ҷанги шаҳрвандию бародаркушӣ иқтисодиёти кишварро ба сатҳи пасттарин бурд, ки бо шарофати истиқлолият ...