Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар аснои экспедитсияи мардумшиносӣ, ки ба шаҳру навоҳии Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳринав сурат гирифт, самтҳои мухталифи мероси фарҳангии тоҷикон мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Ҷараёни пажуҳиш анъанаи шифоҳӣ, ҷойҳои муқаддас, харсангҳои шифобахш, дарахтони таърихи куҳан дошта, чашмаҳои даводиҳанда, мағораҳои қадим ва теппаю манораҳоро, ки ҳар яке таърихи гузаштаи миллатро қисса карда, дар ҳаёти фарҳангии мардум аҳамияти хосса касб кардаанд, дар бар гирифт...
Омӯзиши фаъолияти Муассисаи давлатии таълимӣ-фарҳангии «Мактаби рассомии бачагона»-и шаҳри Хуҷанд (минбаъд Мактаби рассомии бачагона) нишон дод, ки мактаби мазкур дар таълиму тарбияи мусаввирони наврас, тақвияти истеъдод ва дарки зебоипарастӣ, баланд бардоштани завқи касбомӯзӣ, таҳаввул ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми муносиб гузоштааст...
Сафари навбатии мо баҳри омӯзиши муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, ки аз 23-уми сентябр то 2-уми октябри соли ҷорӣ сурат гирифт, осорхонаҳо низ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар раванди корҳои пажуҳишӣ ва ҷамъоварии маводи илмӣ, аз фурсати муносиб истифода бурда, бо директори «Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ», муҳаққиқи барҷастаи осорхонашиносӣ ва кишваршиносӣ Амирхон Саидзода...
Дар ҳошияи Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ кормандони Вазорати фарҳанг ба мақсади тарғибу ташвиқи моҳияту муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак” ва баргузории чорабинӣ рӯзҳои 1-ум ва 2-юми октябри соли равон ба шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон ба сафари хидматӣ фиристода шуданд, ки муҳтавои баромади онҳоро оид ба қонуни...
Чанд рӯз аст, ки дар пойтахти кишвар, дар маркази шаҳри Душанбе фазои фарҳангӣ ва дӯстиву ҳамгироӣ тантана дорад. Ба вуҷудойии чунин фазои фараҳбахш аз он сабаб аст, ки аз 16 то 18-уми октябри соли ҷорӣ рӯзҳои фарҳангии Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст. Ҳақиқати раднопазир аст, ки қабл аз замони соҳибистиқлолӣ ва оғози мустақиллият фикри чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва робитаҳои гуногуни дипломатӣ, аз ҷумла фарҳангӣ, дар андешаи нафаре аз ин миллат давр намехӯрд...
Бо тақозои касб мо – гурӯҳи кории кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот рӯзҳои 23 сентябр то 02-юми октябри соли 2024 ҷиҳати омӯзиши вазъи муассисаҳои фарҳангӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафари хидматӣ анҷом додем.
Ховалинг дар оғўши табиати сарсабзу дилфиреб ва адабпарвари худ ҳазорон олимону донишмандон, шоирону нависандагони шаҳирро тарбият намуда, ба воя расонидааст, ки ин омил дар эҳёву тараққии фарҳанги бумӣ бетаъсир нест. Мушоҳидаҳо ба таври иҷмолӣ нишон медиҳанд, ки дар даврони истиқлолият соҳаи фарҳанги ноҳия беш аз пеш рушд намудааст, ки осорхонаҳо як шохаи пураҳамияти фарҳанг аз он тараққиёт бебаҳра намондаанд...
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Аминамо Табарова аз шумори камтарин пешаваронест, ки ҳунарро, ба қавли коргардони маъруф Константин Станиславский, дар худ дӯст доштааст, на худро дар ҳунар. Ӯ дар тасвири ҳолати руҳӣ ва мушкилоти ҳаёти қаҳрамонҳояш аз обуранги мухталифи бозигарӣ истифода мебарад. То расидан ба ин мартаба, ӯ мисли дигарон, зинаи шогирдиро низ гузаштааст. Таҳсил дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар ин роҳ барояш қадами ҷиддӣ гардид.