Саидқул Билолов
Чоп шуд: 19/01/2016Аз ҷумлаи сарояндагони навсаро ва соҳибмактаб аст. Ҳарчанд намояндаи мардум дар парламон буд ва сарварии Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маълумот, фарҳанг ва сиёсати ҷавононро ба ӯҳда дошт, аз курсии парламон боз ба ҳамон дастаи “Дарё” баргашт, вале рӯ ба сиёсат наовард. Ҳатто замоне ҳам, ки парламоннишин буд, ҳарфаш бӯи сиёсат надошт.
Мавлудаш 5-уми декабри соли 1953 будааст ва макони таваллуди ӯ ноҳияи Данғара. Вале касе нашунидааст, ки аз данғарагӣ будан нозад. Худро шахсияти эътирофшуда
Photo gallery #1
Чоп шуд: 18/01/2016Валерий Аҳадов
Чоп шуд: 16/01/2016АҲАДОВ Валерий Боқиевич. Аз ҷумлаи маъруфтарин ва муваффақтарин коргадонҳои синамои кишвар аст. 9-уми августи соли 1945 дар шаҳри Самарқанд дида ба олам кушодааст.
Хатмкардаи факултаи коргадонии Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи Маскав (соли 1970). Котиб (солҳои 1976 – 78) ва котиби якуми Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон (солҳои 1978 – 1986), коргадони киностудияи «Тоҷикфилм» (солҳои 1986 –1988), саркоргардони Театри давлатии драмаи русии ба
Хушнависон ва хаттотони машҳури форс-тоҷик
Чоп шуд: 04/01/2016АСАДУЛЛОҲИ ШЕРОЗӢ, соли таваллудаш номаълум, хаттот ва хушнависи эронӣ. Муҳаммадшоҳи Қочор ба ў лақаби «Котибуссултон» дода буд.
Асадуллоҳи Шерозӣ хатро бештар бо рангҳои гуногун навиштааст. Аз навиштаҳои ў намунаҳо боқӣ мондаанд, ки нусхаи «Мантиқ-ут-тайр»-и Шайх Аттор (китобаташ 1938) аз ҷумлаи онҳост.
Соли 1851 аз олам даргузаштааст.
*** *** *** ***
Созҳои мусиқӣ: Барбат
Чоп шуд: 03/01/2016БАРБАТ, сози қадимаи тории захмавии мусиқӣ аз ихтирооти мардуми эронинажод. Барбат аслан калимаи форсӣ-тоҷикӣ буда, аз ду калима – «бар» (ба маънои сина, паҳлу) ва «бат» (мурғобӣ) таркиб ёфтааст. Косаи барбат бар тақлиди синаи мурғобӣ (дастааш кӯтоҳ) сохта шудааст. Аввал чунин навъи барбат маъмул буда, дар аҳди хилофати араб онро барбати шабутӣ (дастакӯтоҳ) меномиданд.
Барбат дар замони салтанати Сосониён дар байни арабҳо шӯҳрат ёфт. Аввалин арабе, ки ин сози мусиқиро ба кишвараш бурда, навохтани онро ба ҳамдиёронаш ёд дод,
Абармардони созу наво: БОРБАДИ МАРВАЗӢ
Чоп шуд: 03/01/2016Борбад аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраҳои ҳунар аст. Хунёгарест, ки назирашро таърихи башар ёд надошта. Ҳам месуруд, ҳам менавохт, ҳам оҳанг эҷод менамуд ва бузургтарин базмҳои шоҳонаро обод мекард.
Борбад (тақр. 585 – 89, Нисо (Нусай), Марв – 628 – 38, Тайсафун, Марв), сароянда, навозанда, мусиқидони форс-тоҷик, асосгузори маҷмўи силсилавии мусиқии устодонаи форсӣ-тоҷикӣ ва Шарқ аст. Вай бо номҳои Борбади Марвазӣ, Борбади Ромишгар, Паҳлапат, Фаҳлбад, Фаҳлбоз (Pahlapat, Fahlbad, Fahlbaz) ҳам ёд мешавад.
Сурудаҳои мардумӣ: Алла
Чоп шуд: 03/01/2016 АЛЛА, суруди маъмули халқист, ки ҳангоми хобондани кўдак месароянд.
Алла матни махсус надорад. Онро модарон ҳангоми гаҳвораҷунбонӣ бадоҳатан эҷод мекунанд. Баъзан шеърҳои халқӣ ё китобӣ, ки рўҳи ҳузнангез дошта бошанд, ба сифати алла суруда мешаванд.
Дар алла руҳия ва эҳсоси модар, орзуву умедҳои ў барои хушбахтии кўдак ифода меёбад. Алла одатан, бо калимаҳои «алла, аллаё, алла» ё «алла гўям, аллаё», ки дар охири ҳар мисраъ такрор мешаванд, оғоз меёбад.
Гиреҳ, яъне чӣ?
Чоп шуд: 03/01/2016 ГИРЕҲ - навъи нақш дар санъати меъморӣ ва ҳунармандӣ, ки мувофиқи нусхаи асл нақшҳо бо ҳам пайвасту такрор меоянд. Ҳунари гиреҳбандӣ дар асрҳои IX – XIX дар Осиёи Миёна, Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Ироқ, Миср, Тунис, Марокаш, Қафқоз маъмул буда, хусусан асрҳои XII – XYI дар Осиёи Миёна ривоҷ ёфтааст.
Мақбараи Мирсаид Баҳром (Кармина), корвонсарои Работи Малик (Хева), Афросиёб (Самарқанд), манораҳои Вобканду Ҷарғон, Манораи Калон (Бухоро), мадрасаҳои Улуғбек, Тиллокорӣ, Шердор, масҷиди Бибӣ Хонум, аксари биноҳои маҷмааи Шоҳи
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 98
- 99
- 100
- 101
- 102
- 103
- 104
- 105
- 106
- следующая ›
- последняя »