Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Андалеб» дар чорчӯбаи “Барномаи давлатии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ” барои солҳои 2021-2025 ва мутобиқи Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.01, 2023, №АП-318 тасдиқ шудааст, сурат гирифт.
Масҷид солҳои 1892-1895 дар тӯли 4 сол бо супориши Амири Бухоро Абдулаҳадхон (солҳои ҳукмрониаш 1885-1910) сохта шуда, ки таърихи бунёди он чунин аст: Муллонаврӯз писари Мирафзал, ки баъдан бо номи Эшони Қорӣ Наврӯз (1856-1942) ва лақаби “Булбули Қуръон” маъруф гардид, дар синни 12-солагӣ ба мадрасаи Мири Араб дохил шуда, дар 19 соли таҳсил улуми диниро омӯхт ва Қуръонро азбар кард...
(Ба ифтихори100 солагии академик Раҷаб Амонов)
Мусоҳиба бо донишманди маъруф, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, устод Раҷаб Амонов соли 1999 сурат гирифт, ки дар рӯзномаҳои “Паёми Душанбе”, Ваҳдат”, “Ҷумҳурият” ва “Ҷавонони Тоҷикистон” ба табъ расид. Аксари пешгӯиву пешниҳодот ва агар дақиқан гӯем васиятҳои устоди зиндаёд ҷомаи амал пӯшиданд...
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба гиромидошти таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбуёди тоҷик таваҷҷуҳи хосса намуда, дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Дар шароити имрӯз, тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён намуданд: «Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддасу ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурист».
«Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддасу ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурист».
Эмомалӣ Раҳмон
«Имрӯз 40 дарсади аҳолии ҷаҳон аз норасоии об азият мекашанд, 80 дарсади обҳои партов бидуни коркард ба муҳити зист партофта мешаванд ва беш аз 90 дарсади офатҳои табиӣ бо об алоқаманданд». Ин нуктаро Антониу Гуттериш, Дабири кулли СММ дар яке аз суханрониҳои худ изҳор доштааст. Нигаронии Дабири кулли СММ аз мушкилоти ҷаҳонии об дар ҳоле мебошад, ки ҳоло чаҳоряки аҳолии ҷаҳон, яъне 2 миллиард нафар аз сарчашмаҳои оби нӯшокии хатарнок истифода мебаранд...
Бо мақсади омӯзиш, баррасӣ ва беҳдошти самти таълим дар муассисаи бачагонаи санъати ноњияи Муъминободи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода шуд. Таҳти роҳбаладии мудири бахши фарҳанги ноҳия бо директори мактаби санъат Сафаров Олимҷон ва устодону хонандагони муассиса мусоҳиба доир карда шуд.
Санаи 23.06.2023 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Фарҳанги сулҳ ва Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид. Ҳамоиш таҳти роҳбарии директори муассиса, н.и.ф. Абдуфаттоҳ Аминов оғоз ёфт. Сараввал Аминов А. ташрифи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумита Суҳроби Бозоралиро хайрамақдам намуда, ҳамаи иштирокдоронро ба ин рӯзи таърихӣ ва фархунда шодбош намуд.