Таъсири омилҳо дар раванди тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавонон

Вазъи имрӯзаи раванди тарбия дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ ҷустани роҳҳои навӣ кориро тақозо дорад. Дар ин раванд истифода бурдан аз ҳамаи роҳҳои нави корӣ самаранокии кори моро ба маротиб таъсирбахш намуда, ба ноил шудан ба ҳадафҳои худ, яъне тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавонон оварда мерасонад.

барчасп: 

Таронаҳои Обидпур

Ҷурахон Обидпур. Ӯро натанҳо дар консерваторияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, на танҳо мактаби мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, ки ӯ ба шогирдон дарс мегӯяд, балки берун аз он аксарият медонанду номашро бо эҳтиром ба забон меоранд… Ӯ оҳангсоз аст. Аз аёми тифли ба олам санъат рағбат пайдо карда буд. Доимо суруд мехонд. Шуғлаш мутолиаи китоб буду аз бар намудани абёти классикон...

барчасп: 

Аллаи модар - таронаи оромиш

Сарнавишти инсонро аз азал гарчанде Худованд кашида бошад, аммо парвариш кардан, ба дунё овардан, ба воя расондану роҳсипор гардонданро  маҳз ба воситаи зан амалӣ намудааст. Пас, агар зан – модарро баъд аз  Худованд сарнавишти одамизод хонем, хато нахоҳем кард. Зеро зан буд, ки  дар батни хеш моро нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз бардошта, бо машақатҳои бо ҷон баробар ба дунё меораду дар оғуши биҳиштосои пур аз рангорангии дунёяш ба воя мерасонад.

барчасп: 

Боздид аз намоиши «Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ» -и Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Санаи 04.03.2022 як гурӯҳ ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот аз намоиши «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» -и Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Намоиши «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» бори аввал дар қитъаи Аврупо дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса бо сарпарастӣ ва иштироки бевоситаи  Пешвои миллат...

барчасп: 

СУХАН ГУФТИЮ ДУР (Р) СУФТӢ…

Беш аз як сол аст, ки дар Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот маҳфили адабии «Гулбоғи адаб» фаъолият карда истодааст. Маҳфили мазкур фарогири паҳлуҳои эҷодӣ ва вижагиҳои ашъори адибони форсу тоҷик буда, дар доираи васеъи кормандони муассиса гузаронида мешавад.

барчасп: 

МУСИҚИРО ФАҲМИДАН КАМ АСТ...

Вокуниш ба мақолаи Рустами Ваҳҳоб  «Мусиқӣ ва вазни шеър»,

Мусиқии тамоми халқу миллатҳои дунё қолабҳои дақиқи ритмӣ доранд, ба андоза ва тақтҳо ҷудо мешавад. Аммо вазни арӯз чунин ритмҳои дақиқро надорад. Дар асоси ҳамин гуфтаҳо сурудҳо танҳо дар як ритми андозаи оҳанг суруда мешаванд. Ба истиснои як навъи суруди классикӣ аз Шашмақом, ки оҳанги суруд ба ду андоза: се чорякӣ ва се ҳаштякӣ ё баръакс се ҳаштякӣ ва се чорякӣ дар як мисраъ суруда мешавад.

барчасп: 

Табрикоти солинавии директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба истиқболи соли 2022

Соли 2021 дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар бо дастовардҳо ва комёбиҳои камназираш дар хотираҳо боқӣ мемонад. Маҳз дар ҳамин сол мо бо сарварии Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана таҷлил намудем. Истиқлол  – озодии инсон, озодии ҷамъият ва озодии миллат мебошад, ки пояҳои давлатдорӣ ва худшиносию худогоҳии миллиро устувор намуда, шуҳрати кишвари моро дар арасаи байналмиллалӣ боло бурд.  

барчасп: 

Семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ташаккули маводи ёрирасони таълимӣ-методӣ ва илмии мусиқии суннатии тоҷик”, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони  “Ташаккули маводи ёрирасони таълимӣ-методӣ ва илмии мусиқии суннатии тоҷик”, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва устодону донишҷуёни муассисаҳои номбурда доир гардид. Инчунин директорони мактабҳои мусиқӣ, санъат ва расомии бархе аз шаҳру навоҳии кишвар ҳузур доштанд.

барчасп: 

Страницы