Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин санаи фархунда 16-уми ноябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар дар мавзуи “Рӯзи Президент ва шинохти арзишҳои фарҳангӣ” баргузор гардид.
Имрӯзҳо мушкилоти норасоии об ва тағйирёбии иқлим проблемаи глобалӣ буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ду даҳсола инҷониб ташаббусҳои ҷаҳониро дар самти ҳифзи об пешниҳод ва татбиқ карда истодааст, ки эътибору эътирофи давлати моро боз ҳам баландтар мебардорад.
«Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат-ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Барои ҳифзу тармими онҳо Ҳукумат ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо мекунад. Вобаста ба масъалаҳои зикршуда ба Вазорати фарҳанг зарур аст, ки барои нигоҳдории мероси таърихию фарҳангии халқамон пайваста тадбирҳо андешида, ҷиҳати ба феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани ёдгориҳои нодири таърихии Тоҷикистон ташаббус нишон диҳад».
Рӯзи 03.11.2023 дар толори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия – санади тақдирсози миллат” мизи мудаввар баргузор гардид. Ҷаласаи тантанавиро директори пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Абдуфаттоҳ Аминов оғоз карда, ҳозиринро ба ин рӯзи таърихӣ ва барои миллати тоҷик муҳим таҳният намуд.
Тибқи нақшаи корӣ кормандони шуъбаи фаъолияти китобдории ПИТФИ дар доираи лоиҳаи “Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол” (солҳои 2021 – 2025) вазъи истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсиониро (минбаъд ТИК) дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди омӯзиш қарор доданд.
Рӯзи 17.10.2023 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба 100-солагии фолклоршиноси варзидаи тоҷик академик Раҷаб Амонов конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Вазъи кунунӣ ва дурнамои фолклоршиносӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
Мо аз Истиқлолияти кишвар шукргузорем, ки беш аз сӣ сол аст дар фазои оромиву осудагӣ ва хуррамиву сериву пурӣ умр ба сар мебарем. Дар фазои озод ва иршод пайи пажуҳандагӣ ва таълиму тарбияи ҷавонони сарзамини хеш қарор дорем. Хушбахтона, мо дигар аз ҷиҳати таърих ва фарҳангу забон пойбанди кишвари дигаре, хосатан Россия нестем. Забону фарҳанг, таъриху адаби мо мустақилу озод дар ихтиёри ҷомеа аст. Ба қонуну ҳуқуқҳои умумибашарӣ қариб ҳамрадифем...
3-юми октябри соли 2023 бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо иштироки ходимони илмии пажӯҳишгоҳ дар мавзуи “Забон – нишони ҳастии миллат” ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.