Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ А.Аминов – муовини директор оид ба корҳои илмӣ, Ш.Комилзода – муовини директор оид ба корҳои методӣ, мудирони шуъбаю бахш ва ходимони илмии пажӯҳишгоҳ иштирок карданд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини директори ПИТФИ номзади илмҳои
Аз замонҳои қадим то кунун миёни мардуми тоҷик нон яке аз бузургтарин анвои хўрдании рўйи хон ба ҳисоб меравад. Нисбат ба дигар халқу миллатҳо дар фарҳанги тоҷикон нон ҷойгоҳи хосса дошта, эҳтиром нисбат ба он хеле зиёд аст. Ҷои шубҳа нест, ки мардуми мо нонро баробари дигар муқаддасоти динӣ дониставу дар бораи он нақлу ривоятҳои фаровоне офаридаанд. Дар такя ба бовару ақида ва мақолу зарбулмасалҳои халқӣ, куҳансолон насли наврасро тарбият намуда, ба ин васила ҳурмату эҳтироми онҳоро нисбат ба нон ҳамчун хўрдании муқаддас талқин менамоянд.
6-уми ноябри соли ҷорӣ мардуми Тоҷикистон 26-умин солгарди Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Бо дарназардошти ин, ки тоҷикон чандин садсола давлати мустақили миллӣ надоштанд, инчунин як қисмати таърихи начандон дури мо дар доираи низоми давлатдории умумишӯравӣ ҷараён гирифта буд, 26-солагии Конститутсия барои мо ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукӯҳи хоса дорад. Дар давоми ин солҳо миллати сарбаланди тоҷик ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ...
Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 18 октябри соли ҷорӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон баргузор гардид. Дар ҷашни мазкур намояндагони табақаҳои гуногун, деҳконону кишоварзон, косибону ҳунармандон, санъаткорон ва умуман аҳли фарҳанг аз шаҳру навоии кишвар, махсусан аз ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуда, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили сабзавот, полезӣ, меваҷот, ғаладонагӣ, техникаи кишоварзӣ, иқтибосҳо аз суханрониҳои Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷашни Меҳргон, шеърҳо аз осори шоирони классику муосир дар шакли овеза ва банерҳо овезон гардида буд. Ҳанӯз аз субҳи барвақт боғи мазкур идгоҳи ҳақиқиро мемонд.
Ҷашни Меҳргон дар қатори Наврӯзу Сада ва Тиргон аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рӯзи 16-уми моҳи меҳр, ки он рӯзро низ меҳр меномиданд, баргузор мегардад, ки мутобиқ ба 8-уми октябри тақвими григорианӣ мебошад. Яъне дар солшумории ниёкони мо ҳар рӯз номи махсусе дошт, ки 12-тои онҳо бо номи моҳҳо айнан як хел буданд ва ҳар вақте ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ меомаданд, аз тарафи мардум ҷашн гирифта мешуд.
Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба рӯзи забон мизи мудаввар дар мавзӯи «Забон–рукни асосии худшиносии миллӣ» баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро директори пажӯҳишгоҳ номзади илмҳои филологӣ, Дилшод Раҳимӣ оғоз намуда, ҳамагонро ба муносибати рӯзи забон табрик гуфт. Номбурд зимни суханрониаш зикр кард, ки забон ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ, шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллатҳоро пеш аз ҳама ба воситаи он мешиносанд.
Чи тавре, ки дар сарчашмаҳо омадааст мардуми тоҷик фарҳанги бою ғанӣ дорад. Тўли асрҳо бисёр ҷанбаҳои фарҳангӣ зери таъсири урфу одатҳои дигар қавмҳо ранги дигар гирифтаанд. Аммо тибқи мушоҳидаҳои ноҳияҳои дурдасти кишвар урфу одатҳо камтар зери таъсир мондаанд. Дар муқоиса бо дигар бахшҳои фарҳанг таомҳои миллӣ ва маҳаллӣ қариб ки шаклашонро иваз накардаанд