Суратгарӣ чист ва суратгар кист?
Чоп шуд: 26/11/2019Суратгарӣ, санъати рассомӣ, як навъи санъати тасвирӣ, ки тавассути рангҳо дар рўйи чизе асари бадеӣ меофаранд. Суратгарии тоҷик таърихи қадима дорад. Намунаҳои аввалини он (тасвири шикори ҳайвонот) дар Помири Шарқӣ вомехўранд (мағораи Шахта, давраи мезолит, ҳазораҳои 15-10 то милод, Кўртакка, асри биринҷӣ ва давраи неолит, ҳазораҳои 5-3 то милод).
Намунаҳои нисбатан сода ва бо як ранг тасвиршудаи санъати рассомӣ дар ҷануби
Парчами миллӣ рамзи давлатдории тоҷикон
Чоп шуд: 22/11/2019«Бигзор, парчами пурҷиллло ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиклоли мо ҷовидон бошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Рўзи 22 ноябри соли равон дар толори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг
Ҳаштод сол пеш дар ин рӯзҳо...
Чоп шуд: 21/11/2019Ҳаштод сол пеш дар чунин рӯзҳо аввалин операи тоҷик рӯйи саҳна омад ва аз таҳаввулоти ҷадид дар санъати театрии тоҷик ово дод. Ин операи “Шӯриши Восеъ” буд, ки агар имрӯз ҳам аз таърихи театри тоҷик сухан равад, бешак аз он ёд мекунанд. Солҳои навиштани опера дар байни мардуми кўҳистон ривояту ҳикояҳои таърихие ба Восеи қаҳрамон бахшида шуда буданд. Дар санъати мусиқӣ низ суруду рубоёти фаровоне эҷод гардид. Ба муаллифони опера ҳатто муяссар гардид, ки бо духтари Восеъ – Гулизор вохўрда аз сароиши ў байту
Вазири соҳибтадбири давлати Сомониён
Чоп шуд: 19/11/2019Балъамӣ Абулфазл Муҳаммад ибни Убайдуллоҳ (с.тав. номаълум – ваф. 14.11.940, Бухоро), олим, арбоби давлатӣ, вазири Наср ибни Аҳмади Сомонӣ. Балъамӣ тақрибан ним аср – даврони аморати Исмоили Сомонӣ дар раъиси корҳои идораи давлати Сомониён дошта, ба шарофати тадбирандешӣ ва корсозиҳои оқилонаи хеш дар ташаккул ва равнақу шукуфоии нахустин давлати мутамаркази тоҷикон саҳми бузурге гузоштааст.
Балъамӣ на танҳо дар идораи корҳои кишвар истеъдоду маҳорати комил доштааст,
ДАР ОСТОНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ: Китобу китобдорӣ аз назари Пешвои миллат
Чоп шуд: 15/11/2019Китоб сарчашмаи илму дониш ва маърифат аст. Он нерўи пешбарандаи ҷомеаи башарӣ мебошад. Китоб ин дўсти мўнису ғамхоре мебошад, ки моро аз гаҳвора то синни пиронсолӣ роҳнамоӣ менамояд. Миллати тоҷик аз қадим китобдору китобдўст буд, ин буд, ки дар тўли таърих аҷнабиён тамоми боигарии халқи тоҷикро ба тороҷ бурда, дар назди фарҳангу адабиёти он оҷиз мондаанд. Ва метавон гуфт, ки фарҳангу адабиёти миллати тоҷик бар сари ин аҷнабиён дастболо шудааст. Онҳо ҳатто тарзи давлатдории тоҷиконро омўхта, онро
«ФАЛАК» - ПАДИДАИ БАРҶАСТАИ ФАРҲАНГИ ҒАЙРИМОДДИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Чоп шуд: 14/11/2019Мусиқии касбӣ-суннатии шифоҳии мардуми тоҷик, ки аз ниёгони фарҳангсолору тамаддунофари мо мерос мондааст, таърихи бою рангин дошта, решаҳои он ба умқи қарнҳо мерасад, аз он ҷо сарчашма мегирад ва бо латофату рангомезии алҳонаш аз қадимулайём машҳур буда, дар он шодию сурур ва андўҳи халқ инъикос гардидааст. Ин мероси бебаҳо таҷассумгари софию покизагӣ, ваҳдату дўстӣ, садоқату инсонпарварӣ ва орзую омоли мардуми тоҷик буда, тўли асрҳо чун ифодагари анъанаю маросимҳои халқ пойдор мондааст.
Оғози Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Чоп шуд: 13/11/201912 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидан ба робитаҳои фарҳангӣ миёни ду давлат баргузор гардид. Дар маросими расмӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр
Иштироки Пешвои миллат дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ
Чоп шуд: 12/11/201912 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ, ки дар мавзеи Ла-Виллет баргузор гардид, иштирок карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои иштирокчиро Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон истиқбол гирифт.
Мавриди зикр аст, ки Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ - иттиҳодияи мустақил ва
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 38
- 39
- 40
- 41
- 42
- 43
- 44
- 45
- 46
- …
- следующая ›
- последняя »