Анҷоми Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ …» ва эълони ғолибон
Чоп шуд: 16/12/201914 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз рӯйи чор номинатсия ва рақобат барои Шоҳҷоиза ҷамъбаст гардид. Ғолиби Шоҳҷоиза бо гирифтани 225, 5 хол хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо дониста шуда, ба ӯ Шоҳзоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50000 сомонӣ тақдим гардид. Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода,
Бо кӯза ҳам мерақсанд?
Чоп шуд: 12/12/2019Дар асри XX ин рақс хеле паҳн шуда, ба санъати рақсии ҳаваскорӣ ва касбӣ роҳ ёфт. Устодони рақс Ғ. Валаматзода, А. Исломова ва А. Протсенко дар намоиши ансамбли мусиқӣ – театрии «Лола» шакли коллективи «Рақс бо кўза» - ро дар иҷрои гурўҳи духтарон ба саҳна гузоштаанд. Ин рақс дар асоси коркарди рақси анъанавии халқӣ, ҳаракатҳои рақсӣ ва лаҳзаҳои пантонимӣ офарида шудааст.
Рақс бо кўзаро дар Бадахшон мардон, дар Ғарм, Тавилдара, Кўлоб ва вилояти Суғд
Таомҳои маҳаллии мардуми Шаҳристон ва Истаравшан
Чоп шуд: 10/12/2019Шаҳристон ва Истаравшан минтақаҳое мебошанд, ки дар шимоли кишвар ҷой гирифтаанд. Чи тавре маълум аст, тарзи зисти зиндагонии мардум ва пухтани таомҳо аз иқлим вобастагӣ дорад.
Мисли мардуми дигар ноҳияҳои Тоҷикистон мардуми ин макон аз уҳдаи омода кардани ҳамаи таомҳои миллӣ ва маҳаллӣ ба хубӣ мебароянд, вале ҳар як минтақа таоми ба худ хосро дорост. Яъне вобаста ба шарту шароит ва дороӣ одамон таом омода менамоянд.
Соли рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ: ҚОШУҚБОЗӢ
Чоп шуд: 05/12/2019Рақси қошуқбозӣ дар асри ХХ дар репертуари дастаҳои ҳаваскорони санъат хеле ривоҷ ёфта, қошуқро ҳамчун асбоби зарбӣ истифода бурдаанд. Ин рақсро то кунун дар барномаҳои консертии ансанблҳои рақсии “Лола”, “Зебо”, “Ҷаҷоноро”, “Гулрез”, театри рақсии “Падида”, ансамбли фолклорӣ – этнографии “Ганҷина” ва театрҳои вилоятӣ мушоҳида кардан мумкин аст.
Рақси қошуқбозӣ, асосан, рақси занона мебошад, аммо дар Бадахшонон чеб-базай, ё
Ҳунарҳои мардумӣ: Қурутпазӣ
Чоп шуд: 05/12/2019Қурутпазӣ санъати хеле шавқовар буда, дар ҳамаи манотиқи кишвар дида мешавад. Қурут маҳсулоти қоқ ба ҳисоб рафта, аз он дигар навъи таомро низ омода мекунанд. Масалан, қурутоб яке аз таомҳое мебошад, ки бе қурут онро тасаввур кардан ғайримикон аст. Қурут маҳсулоти аввалиндараҷаи таоми қурутоб мебошад. Ба ғайр аз ин аз қурут атолаи бо қурут, умоч ва ғайраҳоро тайёр мекунанд. Инчунин худи қурутро метавонанд дар алоҳидагӣ истеъмол намоянд. Зеро он аз ҷиҳати витамин ғанӣ буда...
Самад Ғанӣ: шоир, дромнавис, мутарҷим ва рӯзноманигор
Чоп шуд: 04/12/2019Аз таваллуди Самад Ғанӣ 111 сол ва аз вафоташ 45 сол сипарӣ шуд. Ҳамоно яке аз адибони дӯстдошта боқӣ мондааст. Дромнависи хубе буд, ҳаҷвнигори мушоҳидакор ва журналисти соҳибтаҷриба буд. Дар тарҷумаи осори адибони рус ҳам дасти расо дошт. Ёдаш ба хайр!
Самад Ғанӣ 2 ноябри соли 1908 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Дар Дорулмуаллими Самарқанд, курси ходимони молияи Тошканд, мактаби ҳизбӣ ва курси
Калтакбозӣ чист?
Чоп шуд: 04/12/2019Калтакбозӣ як навъи рақси мардонаи ҷанговарони тоҷикӣ мебошад. Рақсро ду нафар мард ё гурўҳи мардон таҳти навозиши созҳои мусиқӣ иҷро мекунанд. Онҳо дар ин рақс хусусиятҳои мардонагӣ, чустию чолокиро ҳам дар рафти мусобиқа таҷассум мекунанд. Чўбҳои одии дарозиашон 60 см ва ғафсиашон 3 см ҳамчун сози мусиқӣ низ хидмат намуда, бо зарбу усул ҳамсадо мешаванд.
Иҷрокунандаҳо дутогӣ калтакҳои чўби дар даст гирифта, қатор истода мерақсанд...
Оё кордбозӣ ҳам санъат аст?
Чоп шуд: 04/12/2019Оре, санъат аст, санъати рақс ва аз санъатҳои қадимии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Дар саҳнаи санъати касбӣ рақси “Кордбозӣ” – ро дар солҳои 30-40 асри ХХ раққоси мумтози тоҷик, Артисти Халқии Иттиҳоди Шўравӣ Ғаффор Валаматзода иҷро кардааст. Рақси ў ҳаракатҳои гуногуни кордбозиро дар бар гирифта, илова ба унсурҳои анъанавӣ баъзе навовариҳо дошт. Валаматзода бо ҷаҳиш ба саҳна ворид мешуд ва чанд ҳаракати рақсии ҷанговаронро иҷро намуда, ду кордро аз рўймоли миён берун мекашид.
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 37
- 38
- 39
- 40
- 41
- 42
- 43
- 44
- 45
- …
- следующая ›
- последняя »