Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
                      
        
 
                      
        
                      
        
 
                      
        Ҷашну маросим бо навъҳои гуногунаш як ҷузъи муҳими фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Мардуми тоҷик дар замонҳои қадим низ ҷашну маросим ва анъанаву суннатҳои неки ниёгонро аз нестшавӣ эмин дошта, онро то ба насли имрӯз интиқол додаанд. Бояд гуфт, ки ҷашну маросимҳои тоҷикон дорои ҷиҳатҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, тарбиявию ахлоқӣ буда, иддае аз онҳо шахсро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия мекунанд. Яке аз хусусиятҳои аслии ҷашну маросимҳо, ки то замони мо расидаанд, ин ҷанбаҳои тарбиявӣ доштани онҳо дониста мешавад....
Омӯзиши вазъи фаъолияти шахсони ҳунарманд дар ин шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ барои эҳёву муаррифӣ намудани намунаҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ва рушди он мусоидат мекунад. Зеро ба ин восита мо метавонем ҳунармандони асилро, ки тӯли солҳои зиёд дар як кунҷи деҳе ё шаҳраке бо ҳунари аҷдодии хеш машғуланд, муаррифӣ намоем ва аз боби фаъолият ва натиҷаи маҳсули дасти эшон чанд сухан гуфта бошем. Хушбахтона, баъди эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дар идомаи он эълон намудани солҳои...
Рӯзи 4-уми майи соли равон дар толори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ маҳфили навбатии «Гулбоғи адаб», таҳти унвони «Мирзо Турсунзода муаррифи адабиёт ва фарҳанги миллӣ» бахшида ба 110 - солагии шоири шаҳир, Қаҳрамони Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода баргузор гардид.
Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Бо ташаббусу талошҳои пай дар пай баҳри эҳё ва ба арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ Сарвари давлат нақши муассир доранд.
Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро «аниси кунҷи танҳоӣ»-ву «фvpўғи субҳи доноӣ» номидааст:
6-уми апрели соли равон соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷ.Т. маҳфили «Гулбоғи адаб», таҳти унвони «Андешаҳои инсонпарваронаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ», баргузор шуд. Дар маҳфил роҳбарият, ходимони илмии Пажӯҳишгоҳ ва ҳаводорону дилбохтагони каломи бадеъ аз дигар муассисаву корхонаҳои тобеи Вазорати фарҳанги Ҷ. Т ширкат варзиданд.
Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот рӯзи 19-уми марти соли 2021 мизи мудаввар дар мавзӯи «Наврӯз – ҷашни навгонии одаму олам» баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ директори ПИТФИ Дилшод Раҳимӣ оғоз карда, аҳли нишастро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз шодбош гуфт.
Ҳамзамон Раҳимӣ Д. дар мавзӯи “Наврӯз – рамзи навгонӣ ва эътидол” сухан ронда, фикру мулоҳизаҳои хешро вобаста ба фалсафаи таҷлил, навгонӣ ва рамзҳои

