Соҳибқирони шоирӣ устод Рўдакист...

22-уми сентябр Рӯзи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакист. Ин матлаб ба ҳамин муносибат аст. Дар бораи устоди ҳама шоирони олам. Дар бораи азизе, ки зиёда аз даҳ аср аст шеъраш вирди забонҳост. Шахсе, ки дар ин беш аз ҳазор сол ҳам қиммати як байташ кам нашуд. Шоири шоирон, устоди устодон. Шоире, ки ба таври ҳамешагӣ номи устодӣ дар шеърро ба худ ихтисос дод ва ин беш аз ҳазор сол вай барои шоирони ҳамаи наслҳо устод монд.
Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад
 машҳур ба Рўдакӣ шоир, асосгузори адабиёти

барчасп: 

Сиёсати фарҳангӣ омили субот ва пешрафти ҷомеа

Аз замоне, ки сарвари давлати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимоми давлати Тоҷиконро ба дўш гирифт, оҳиста-оҳиста тамоми паҳлуҳои гуногунҷанбаи давлат ба тағйиру тараққӣ ва таҳаввулоти назаррас  рў овард. Аз ҳама таҳаввули бесобиқа ва фаромӯшнопазири таърихӣ, пас аз омадани чунин шахсияти бохирад, баҳамойиву бунёд, сулҳу субот ва таҳкими кишвари парокандаву парешон ва дар вартаи фано қарордошта маҳсуб мегардад, ки

Назаре ба касбу ҳунарҳои бонувони шаҳрҳои Бохтару Левакант

Аз давраҳои қадим шаҳру деҳоти Тоҷикистон бо ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандонаш шуҳрат дошт. Намунаи ҳунарҳои халқии шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои атрофи он аз дараҷаи баланди санъати амалии ниёгонамон маълумот медиҳад. Аз замонҳои пеш дар ин минтақа навъҳои гуногуни касбу ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун пешаи асосии мардуми маҳаллӣ рушду такомул ёфта, то ба замони мо омада расидаанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як касбу ҳунар бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одати мардум алоқаи ногусастанӣ дорад. Ҳунармандони ботаҷриба шаклу усулҳои мухталиф ва роҳҳои инкишоф додани ҳунари

барчасп: 

Таомҳои анъанавии мардумии ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҷайҳун

Таомҳои анъанавии мардумии ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҷайҳун

Вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои гармтарини кишвар ба шумор меравад. Аз сарчашмаҳо ба мо маълум аст, ки вазъи ҷуғрофӣ ва иқлим ба фарҳанг ва ба тарзи зисту зиндагонии одамон таъсир мерасонад. Дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Шаҳритўси вилояти Хатлон анвои таомҳо ва хўроквориҳо мутобиқ ба иқлиму табиати он ҷо вобастагӣ дорад. Ин минтақаи гармтабиат

барчасп: 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Дар таърихи ҳар халқу миллат воқеаҳои бузургу муҳимме рух медиҳанд, ки сарнавишти минбаъда ва роҳи рушди онҳоро барои солиёни зиёд муайян менамоянд.

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад.

"Таърихи низомии Тоҷикистон" дар Китобхонаи миллӣ муаррифӣ шуд

Аввалин таърихи муфассали низомии Тоҷикистон дар ду ҷилд навишта ва чоп шуд. Ин лаҳзаҳо рӯнамоии он дар яке аз толорҳои Китобхонаи миллӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажӯҳишгарон, коршиносон, низомиён ва рӯзноманигрони дохиливу хориҷӣ дар ҷараён аст.

Муаллифони ин китоби пурарзиш Назаршо Назаршоев ва Илҳом Бониёзов мебошанд. Муаллифон кӯшидаанд таърихи пайдоиши артишро аз қадим то ба имрӯз ба

барчасп: 

Профессор Алмос Абдуллоев аз олам даргузашт

Алмос Абдуллоев — мутриб, оҳангсоз, омӯзгор, донандаи мусиқии мардумӣ ва Шашмақом, Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон, профессор, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов  дирӯз бар асари беморӣ  дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт. Алмос Абдуллоев аз зумраи шахсиятҳои маъруфи фарҳангии кишвар буд, ки дар рушди фарҳанги мамлакат хизматҳои шоиста кардааст.
Алмос Абдуллоев соли 1947 дар шаҳри бостонии Самарқанд дида ба олам кушодааст.

барчасп: 

Истиқлолияти давлатӣ ва рушди фарҳанги миллӣ

Чунин ном дошт Мизи мудавваре, ки бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар Пажӯҳишгоҳи  илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш, ки бо ширкати муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода доир гардид, Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода дар мавзуъи

барчасп: 

Страницы